Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар Интернет ҳамин хел сайтҳо мавҷуд мебошанд, ки аз ҳаёт рафтанро тарғиб мекунанд. Омӯзгорон бояд дар бораи ин донанд, огоҳонида бошанд, аммо ба фикри равоншиносон, диққати хонандагонро ба ин мавӯъ ҷалб кардан, махсусан дар ин бора сухан гуфтан, ё аз онҳо дар бораи ин сайтҳо пурсидан лозим нест. Гап дар он аст, ки кунҷковии табийи кӯдакон пас аз ингуна гуфтугӯҳо дар онҳо хоҳиши даромдан ба сайтҳои зикршуда пайдо мекунад. Аз қайд нагузашта ҳам ба ҳисёрии ин сайтҳо даромадан осон мебошад.

Дар вақтҳои охир ҷомеаҳои як қатор давлатҳо аз гуруҳҳои махсуси шабакаҳои иҷтимоӣ, ки наврасон дар он муошират мекунанад ва идеяи худкуширо тарғиб мекарданд ба воҳима омада буданд. Ба назари мо, муҳимияти ин зуҳурот хеле аз будаш зиёд нишон дода шудааст, ва сабабҳо вуҷуд доранд, ки инъикоси онҳо дар дастури мазкур кушода нашудаанд.

Ба ҳар ҳол механизми, дар асоси чӣ наврасон зиёди вақти худро дар ҳаргуна сайтҳо мегузаронанад, фаҳмидан даркор аст. Маъмурияти чунуни гурӯҳҳо оиди психологияи кӯдаконро хуб омӯхтаанд. Барои мо фарқ надорад, ки онҳо бо воситаи маълумоти касбӣ, ё ин ки «бо гувоҳи дил» (интиутивно) инро ба даст овардаанд. Аммо дар фаъолияти худ онҳо усуслҳои бозии графикиро фаъол истифода мебаранд, яъне истифода бурдани ҷараёни бозиҳои маъмул, онҳо бо мақсади ғайри бозӣ истифода мебаранд. Усули мазкур дар маркетинг, дар реклама, дар курсҳои омӯзишӣ барои калонсолон хуб кор мекунад. Вале ин элементҳо мисли «чангак» мебошанд, бо воситаи он наврасоне, ке дар сайтҳо зиқ шуда нишастаанд ба даст овардан хеле осон аст. Аввал таҷриба карда дида, пас он қадар одат мекунанд, ки вазъиятро идора карда наметавонанд, бозӣ «аз болои онҳо идора мекунад». Агар шуғле, ки наврас аз он роҳат мекунад кам бошад (муошират бо дӯстон, бо оила, ҳаваҳ, варзиш ва ғайра), ин имкониятҳоро наврас дар шабакаҳои Интернет мекобад, аз он ҷумла дар «бозиҳои» шубҳанок меёбад.
Инак, қайд мекунем, ки на фақат «гурӯҳҳои виртуалӣ» хатар овар мебошанд, балки сатҳи пасти зиндагӣ, набудани шуғли шавқовар, набудани имкониятҳо дар ҳаёт, рӯҳафтодагии умумии иҷтимоӣ, шарити вазнини иқтисодӣ-иҷтимоӣ, бераҳмии волидайн, беаҳамиятӣ, ё ин ки, баръакс, ғамхории аз ҳад зиёд, нарисидани имкониятҳо дар худамалбарорӣ мебошад.

пешина
аз 126
навбатӣ