Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ПОРТРЕТИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАСИ МУОСИР

4.3 РАСОНА ВА ОЛАМИ НАВРАСОН
4.3.1 Расона ва Интернет Барои мо калонсолон, Интернет дар навбати аввал барои кор муҳим аст, вале бо баробари ин мо Интернетро вобаста ба шавқҳо, дид, майлу ҳавасҳои худ истифода мебарем. Медонем, ки вобаста ба хоҳишҳоямон дар он ҳамаи чизро ёфта метавонем. Афзалияти Интернет барои наврасон дар чист, онҳо дар сайтҳо чӣ мекобанд? Дастрасӣ ба шабакаҳо, салоҳияти баланди стифодабарӣ, ҳамчунин бо хатарҳо дар муҳити – интернет ва надоштани таҷрибаи ҳаёт наврасонро дар шабакаи глобалӣ ба гурӯҳи хатарнок мубаддал мекунад.
Дар асоси пурсишо мо 25 % хонандагони пурсидашуда гуфтанд, ки тақрибан 1 соат вақташонро барои Интернет сарф мекунанд, 50 % ҷавоб доданд, чор ва аз он зиёд дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанад. Ҳамарӯза 50% хонандагон Интернетро озодона бемаҳдуд аз тарафи волидайн истифода мебаранд. Фақат 25% онҳо қайд намуданд, ки онҳо муваққатан маҳдуд ҳастанд. Аз диаграмма мебинем, ки зиёда аз нисфи гурӯҳи аудиторияи мақсаднок вақти зиёди худро дар Интернет мегузаронанд.

пешина
аз 126
навбатӣ