САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Чӣ хеле, ки маълум аст, ҳамаи фаъолият барои таъмини талабот равона шудааст. Спектри базавии талаботҳои навраси за она хеле васеъ мебошад. Ба ғайр ҳаётан муҳим (физиологӣ ва бехатарӣ), байни онҳо ҷои муҳимро талаботҳои иҷтимоӣ (муносибат, дӯст доштан, изҳори дил кардан), ва талаботҳое, ки бо ташаккуои шахсӣ алоқаманд мебошанд (идрок, фаҳмиш, худбамалбароварӣ) ишғол мекунад.
Бо истифодабарии имкониятҳои васеи Интернет, наврасон талаботҳои худро, нисбат ҳаёти вақеъй зиёдтар қонеъ мегардонанд. Ба ғайр аз ин дар интернет наврас бе иштироки волидайн ё каси дигар фаъолият мекунад. Дар ин ҷо бо пуррагӣ яке аз самтҳои иҷтимоӣ ин синну сол – мустақилӣ ва мухторият амалӣ мешаванд.
Дар Интернет кадом ниёзҳои наврас қонеъ мешаванд? Равоншиносон 7 типи наврасон – интернет истифодабарандагонро ҷудо кардаанд:
Донишдӯстӣ
Барои наврасони донишдӯст Интернет – ин воситаи ҷустуҷӯи маълумотҳо.
Интернет – ба гуфтаҳои онҳо, ин: «маркази маълумотдиҳӣ» (справочное бюро), «чоҳи маълумотҳо» (информайионная яма), «имконияти бемаҳдуди ҷустуҷӯи маълумотҳо», «фазои озоди шахсӣ, ки бисёр маълумотҳоро ёфтан мумкин аст», «воситаи хеле бароҳат ва шавқовар барои ҷустуҷӯи маълумот», «ин бойгонии бузург, ки дар он ҳамаи маълумотҳои зарурӣ ва шавқовар барои шумо ҷо шудаанд».
Интернет хазинаи бемаҳдудуи маълумотҳо дар ҳаёти имрӯза буда, воситаи асосӣ дар қонеъ намудани талоботҳои дарккунии наврасон аст. Донишдӯстон бо гуногунии шавқҳои худ ҷудо шуда меистанд. Дар шабака онҳо бо хабарҳои нав, бо дигар маълумотҳое, ки барои шавқовар ҳастанд шинос мешаванд, филм ва видеороликҳо тамошо, мксиқӣ гӯш мекунанд. Имкониятҳои ҷустуҷӯии шабакаҳо барои васеъ намудани ҷаҳонбинии наврасон мусоидат ва ба доншдӯстдорон рангорангии оламро пешниҳод мекунад.
Барои наврасони ин категория – донстан не, балки маълумоти заруриро ёфта тавонистан муҳим аст. Ҳамин тариқ, фаъолии дарккунӣ ва ҷустуҷӯи табдил меёбад: ба ҷои кӯшиши «фикр кардан» ва «хондан» ин наврас «кофтан» ро аълотар мешуморад. Ба ғайр аз ин, маҳз ҳамин категорияи наврасон-истифодабарандагон аз ҳад зиёд будани маълумот зарар мебинанд, ки ба афзурдагии ҷиддӣ мерасонад.
Шавқи калон ва фаъолии ҷустуҷӯӣ аз эҳтиёткорӣ боло рафта, қобилияти манфӣ баҳогузорӣ кардани дурустии маълумотҳоро паст мекунад.
Алалхусус донишдӯстдорони дайдуй интернетӣ, аз ҳама зиёд хавфу хатари шабакаро баҳогузорӣ карда наметавонанд. Барои ҳамин донишдӯстдорон бо маълумотҳои номатлуб нисбат ба дигарон зиёдтар дучор мешаванд ва аз ҳама бештар қабулкунандагони ҳамагуна вирус ва спамҳо мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё