Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ПОРТРЕТИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАСИ МУОСИР

ОШӮБГАРОН (БУНТАРИ)

Интернет барои ошӯбгарон – ин: «ҷое, ки ҳама чизеро, ки мехоҳӣ мекунӣ», «муҳити озод ва бемалол», «инертнет – ин озодӣ!!!» мебошад.Фаъолияти ошӯбгарон барои дар дараҷаи баланд қонеъ намудани талоботҳои худмустақилӣ ва худмухторият равона карда мешавад. Дар ҷараёни иҷтимойкунони талаботи мазкур дар навбати аввал кӯшиши мустақил буданро аз падару модар дар назар дорад.
Дар ҳақиқат, кӯдакон ва наврасон як ба як бо монитор мемонад, ки дар қафои он – олами виртуалии ҷалбкунанда мавҷуд аст. Бисёрии волидайн (70%) ба ин раванд халал намерасонанд ва барои кӯдакон истифода бурдани шабакаро маҳдуд намекунанд. Мо якҷоя бо Интернет дар кӯдакони худ индувидуализм (манфиати худро аз манфиати дигарон баланд гузоштан) ва озодиро тарбия мекунем. Ошӯбгарон бошанд аввалин шуда ин таълимотро ба худ қабул мекунанд.

Ошӯбгарон ошкоро иқрор мешаванд, ки зуд-зуд он сайтҳоро тамошо мекунанд, ки волидайн қатъиян маън кардаанд. Дар ин масоҳати ноошно ва ҷалбкунандаи шабакаҳо, онҳоро нафақат хабарҳои шавқовар, маълумотҳои ошкори ғайри чашмдошт, балки маълумотҳое,ки кӯдакро нороҳат мекунанд ва инчунин маълумотҳои хеле заровар вуҷуд доранд.
Ошӯбгарон шарм накарда иқрор мешаванд, ки гоҳ-гоҳ интернетро барои мақсадҳои нопок: мисол, қабул ва нигоҳ доштани маводи парнографӣ, ба муноқиша даромдан бо дигар истифодабарандагон, вайрон кардани сайтҳои пӯшида истифода мебранд.
Ҳамингуна ҳаракатҳо ба наврасон ҳис кардани мустақилияти худ, пешрав будани худ дар ҳамкорӣ имконият медиҳад. Бо баробари ин, дар онҳо хаёли хом (иллюзия) барои ҳама чиз мумкин аст ва бе ҷазо мондан пайдо мешавад.
Ошӯбгарон бештар аз типи дигар интернет – истифодабарандагон, маълумот дар бораи худ дар интернет мемонанд, инчунин бо одамони ношинос дар шабака нисбат ба ҳаёти воқеъй зудтар шинос мешаванд ва худро дар хафв мемонанд.
Бай ғайр аз, дар назди онҳо хавф вуҷуд дорад, ки бояд фаҳманд, фарқият байни ҷиноят дар шабака ва ҳаёти реалӣ вуҷуд дорад.

пешина
аз 126
навбатӣ