Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ФАРОҒАТДӮСТОН (ТУСОВЩИКИ)
Барои наврасони фароғатдӯст интернет – ин ҷои кофтукови дӯстон ва воситаи муошират аст. Интернет – бо гуфти онҳо, ин – «ҷое, ки бо дӯстон сӯҳбат мекунанд», «воситаи алоқа, …муоширати озод», « шабакаи глобалӣ, ҷое, ки дӯстонро мекобанд», « имконияти муошират бо одамони давлатҳои гуногуни дунё» аст.
Фароғатдӯстҳо интернетро барои қонеъ намудани талаботҳои иҷтимоии худ дар муошират, дар таркиби груҳи шавқҳои якчоя будан, дар изҳори дил, дар муҳаббат истифода мебаранд. Бо ин мақсад онҳо блог ташкил мекунанд, бо дӯстон тавассути барномаҳои ICQ, Skype - и компутерӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар форумҳо, чатҳо муошират мекунанд.
Бо кӯмаки ин воситаҳо онҳо шиносӣ пайдо, нақша ва вохӯриҳои худро муҳокима мекунанд, эътироф мешаванд ва худамалӣ мекунанд. Дар форум ва чатҳо ба наврасон имконияти гуфтани нуқтаи назари худ оиди мавзӯҳое, ки онҳоро ташвиш медиҳад ё ин ки иштирок дар муҳокимаи ягон савол доранд.
Мақсади асосӣ, ки фароғатдӯст ба сайт медарояд, - ёфтани дӯстон ва доштани иртибот бо онҳо мебошад. Барои ҳамин ҷои асосии онҳо дар Интернет – ин шабакаҳои иҷтимоӣ буда, дар он ҷо онҳо гурӯҳҳои худро бо шавқҳои якҷоя ташкил мекунанд ва имконияти муошират дар доираи алоҳидаи одамонро доранд.
Наврасоне, ки дар муошират мушкилӣ доранд, дар шабака зуд ва осон барояшон дӯст ва ҳамфикронро пайдо мекунанд. Фароғатдӯстҳо дар шабака нафақат ҳаёти фаъол доранд – онҳо контент истеҳсол мекунанд: варақҳои худр, профили шахси боз мекунанд, маълумотҳои гуногун мегузоранд, кӯшиш мекунанд, ки худро бо воситаҳои гуногуни мултимедииявӣ: аваторҳо, стуни шахсӣ, граффити, акс, видео муаррифӣ кунанд. Зиёдии фароғатдӯстҳо (80%) блоги худро дар он ё ин хизматрасонии шабакаи иҷтимоӣ мебаранд. Дар байни блогерҳо шумораи духтарон зиёд мебошанд, алалхусус духтарони синфҳои болой.
Ба ғайр аз ин, наврасоне, ки ба ин гурӯҳ шомил шудаанд, нисбат ба дигарон, бо фаъолнокии зиёди худашон ба хатарҳои гуногун, алалхусус бо таъмаҷӯён, бо таҷовуз ва даъвои алоқаи ҷинсӣ дучор мешаванд. Онҳо ба хатари шиносӣ беихтиёр дучор шудан ва ба одамони ношинос дар бораи худ маълумоти зиёд дода, ҳамин тавр қурбонии эҳтимолии ҳаргуна таъмаҷӯён ва ҷинояткорон мешаванд.

пешина
аз 126
навбатӣ