Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ПОРТРЕТИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАСИ МУОСИР

Истифодабарандагон
Шабакаҳои замонавӣ - яке аз мактабҳои омода намудани шаҳрвандон дар оянда, ҳамчун ҷомеаи истифодабарандагон мебошад. Барои истифодабарандагон Интернет - ин мағозаи калон.
Онҳо Интернетро ҳамингуна муаррифӣ мекунанд: «ҷое, ки бароят кори дилхоҳ пайдо мекунӣ», «ҷое, ки чизи бисёрро қабул ва нигоҳ медорӣ», «воситаи ивази маълумот ва файлҳо», «тӯйнуки каолн, ки дар он ҷо ҳама чизро – аз сурат то схемаи бомбаи атомиро дарёфт мекунӣ».
Одатан наврасони типи мазкур суратҳо, мусиқӣ, клипҳо, филмҳоро бо виситаи интернет зеркаш мекунанд ва нигаҳ медоранд. Инчунин аз хизматрасонии интернет - мағозаҳо истифода мебранд. Интернет талоботи онҳоро дар гирифтан, эътироф кардан, дарк кардан, соҳибӣ карданро қонеъ мегардонад. Барои наврас маълумот доштан оиди маъсулот ва ашъёҳои нишонавӣ, ки ӯро ба ҳамсолон сарҷаъм мекунад зарур аст: як мусиқиро гӯш кардан, як видеоро тамошо кардан, як хел либос доштан, барономаи компутерии як хеларо истифода бурдан, донистани чизро аз куҷо ёфтану гирифтан.
Наврасон – истифодабарандагон дар шароити васеъ маълумот интихоб карданро меомӯзанд. Онҳо ба таққос кардан ва интихоб кардан одат мекунанд.
Интернет – истифодабарандагон дар нақшабандӣ аз дигарон маълумоти бештар доранд ва месанҷанд, дар мондани мақсадҳои худ мулоҳизакор ва хоксорона мебошанд.
Яке аз муаммоҳои асосӣ, ки ба истифодагорон пеш меояд - таъмаҷӯӣ аст. Ин хел истифодабарандагон барои ройгон дастрас кардани (барномаҳо, китобҳо, мусиқӣ, филм) одат мекунанд. Дар ҷустуҷӯӣ имкониятҳои бештар дарёфти чизе онҳо ба чангаки ҷинояткорон меафтанд: дар зеркаш кардани файл вирус меқапанд ва аз будаш зиёд маблағ сарф мекунанд, дар натиҷа он чизе, ки мехостанд гирфта наметавонад, чизи дигар мегиранд. Истифодабарандагон нисбат ба дигар типҳо каме пурра харгуна хатарҳоро дар шабакаҳо дарк мекунанд, нисбат ба дигар типҳо бештар сатҳи ҳимояи равонашон баланд мебошад.
Ботаникҳо
Барои ботаникҳо – интернет, пеш аз ҳама сарчашмаи маълумоти таълимӣ аст. Интернет – ин; «сайди дониш», «сарчашмаи беҳтари дониш», «маркази таълимӣ», «сарчашмаи маълумот барои мактаб» мебошад.
Аз рӯи қоида, ботаникҳо – кӯдаконе, ки хуб мехонанд ва ҳавасҳои ошӯбгарии ҳамсолонашон барои онҳо писанд нестанд. Худи наврасон мегӯянд. Ки ботаникҳо – «қиёфаи ҳаёт», онҳо миҷинг, дилтанг ва ҳозиразамон нестанд, хеле ботартиб ва гӯшдаро ҳастанд. Вале, онҳо хеле ҳамсӯҳбати хуб ва дар вақти санҷишҳо ва ба дарс омода набудан хеле муҳим мебошанд.
Дар интернет ботаникҳо талоботҳои дарккунии худро қоне мекунанд, бо кӯмаки он реферат ва баромадҳо менависанд, дарс меомӯзанд, ба санҷишҳо омодагӣ мебинанд. Интернетро бо мақсади таълим истифода бурда, наврасон натанҳо талаботи худро дар гирифтани донишҳои нав қонеъ мегардонад , балки ҷаҳонбиниашонро васеъ мекунанд – маълумотҳои дастрас кардаашон барои аз тарафи ҳамсолон эътироф пайдо кардан ва худамаликунӣ мусоидат мекунад.
Кӯдакон аз ин гурӯҳ нисбат ба дигар типҳо ба хавфҳои шабака камтар дучор мешаванд, дар бораи худ ба интернет – шиносҳояшон хеле маълумоти кам медиҳанд, дар ҳаёти воқеӣ низ бо онҳо хеле кам вомухӯранд. Хатраи асосӣ барои онҳо дар он мебошад, ки ба маълумотҳои аз сайт гирифтаашон мумкин аст ғайританқидӣ нигоҳ кунанд. Дар ҷустуҷӯи маълумот оиди дарс онҳо бо контенти тафтишнашуда, нодуруст ва номатлуб рӯбарӯ шаванд.

пешина
аз 126
навбатӣ