САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
ИМКОНИЯТҲОИ МАН ДАР ИНТЕРНЕТ
МАШҚИ 6 «ИМКОНИЯТИ ИНТЕРНЕТ»
Қадами 1. Муаллим слайдҳоро якто-якто нишон медиҳад. Матнро метавонад хонад ва ё бо суханони худ баён кунад. (ин аз рӯи интихоби муаллим). Биёед функсияҳои Интернетро хулоса кунем.
Интернет яке аз манбаъҳои бузургтарини иттилоот аст: Якчанд сол пеш, калимаи «google» расман ба забони англисӣ пайдо шуд, ки маънои «ҷустуҷӯ дар Интернет» -ро дорад.
Фикр кардан ба тарзи «рақамӣ» ин қобилияти ҷавонони имрӯза аст, ки онҳо дар майнаи сарашон иттилооти зиёдро нигоҳ дошта наметавонанд, аммо дар куҷо ва чӣ гуна пайдо кардани онро медонанд. Мутахассисон акнун бештар дар бораи «фикрронии-рақамӣ», ки қобилияти таҳлил ва системанок гардонии иттилоотро аз ҳама манбаъҳо, новобаста аз он ки ин иттилооти расмӣ аст ё мукотибот дар мэсенҷерҳо, таҳлил ва танзим мекунад.
Барои самаранокии ҷустуҷӯи иттилоот зарур аст, ки дархости шумо то ҳадди имкон дуруст ва аниқ бошад ва инчунин зарур аст, ки ба манбаъ эътибори махсус диҳед Интернет - ин платформа барои алоқаҳои виртуалии шахсӣ ва тиҷоратӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё