Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қадами 1. Намоиши видеоролик «Инқилоби Шабакаҳои рассонавӣ иҷтимоӣ»
Қадами 2. Муҳокимаи мавзӯъ бо хонандагон «Имрӯзҳо Интернет ба ман чӣ гуна мадад мерасонад?»
Қадами 3. Иловаи омӯзгор:
Шахси муосир худро бе технологияҳои замонавӣ: Интернет, алоқаи мобилӣ, телефонҳое, ки аз компютерҳои рӯи мизӣ камӣ надоранд, тасаввур карда наметавонанд.
Интернет ба ҳаёти мо хеле зебо ва зуд ворид шуд, ки тадриҷан дар ҳаёти мо телевизор, радио, магнитафон ва дигар воситаҳои нигоҳдорӣ ё интиқоли маълумотро иваз карда истодааст.
Имрӯз, бо кӯмаки шабакаи глобалӣ, одамон ба гирифтани таҳсилот, тиҷорати худ машғул мешаванд, одамон ҳамфикорни худро дарёта, мубодилаи афкор мекунанд ва ба клубҳо аз рӯи шавқашон ҳамроҳ мешаванд, фавран мубодилаи маълумот мекунанд, фосилавӣ бо ширкатҳои дигар дар хориҷ кор мекунанд, вале аксар вақт ба доми фиребгарон низ мефароянд.
Интернет, бо сабаби самаранокии технологии худ унвони аз ҳама ҷои маъмул барои ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва паҳн кардани иттилоотро гирифт. Дар тӯли 4 сол аудиторияи 50 000 000 нафараро ҷамъоварӣ кард, ҳол он ки барои ин шумора ҷамъ овардан радио 38 сол ва телевизион - 13 солро сарф карда буданд. Олимони генетик аллакай ҷиддӣ дар бораи «генетикаи электронӣ» дар кӯдакони ҳозиразамон суханронӣ мекунанд: воқеияти рақамӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти онҳо мебошад, муошират, ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоӣ комилан виртуалӣ мебошад. Барои одамон имрӯз фикр кардан, яъне дар куҷо, ва аз куҷо пайдо кардани иттилоотро донистан ва тавонистан мебошад.

пешина
аз 126
навбатӣ