Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Лекин фиристодаи падарам аз Бухоро гашта омада чунин баён мекунад:

– Маро нағз қабул карданд, ба меҳмонхонаи калон, ба қарибии худашон шинонданд. Баъд пурсиданд, ки додарамон ҳоло ҳам саҳарҳо дар стакон шири доғ ва тухми нимдунбул мехӯранд ё не? Гуфтам, бале тақсир, тановул мекунанд. Гуфтанд, ки рафта гӯед, ин корашон хуб не, ба гӯши болобудагон расад, он касро ҷадид мегӯянд. Баъд дар бораи мактаби ҷадидӣ пурсиданд. Ман он чӣ ки шумо омӯхта будед, бекамукост баён кардам; бартарӣ ва афзалияти мактаби навро фаҳмонида додам. Аммо суханони ман ба ҷаноби шариатпаноҳ таъсире набахшид; баръакс оташин шуда маро ҳам хоҳиш карданд ва фармуданд, ки ба шумо расонам: ҳар чӣ зудтар мактабро баста, бачаҳоро ба мактаби мусулмонии худамон фиристед. Дар ҳақиқат ҳам, гӯё чанд нафар муфтию аъламҳо фатво навишта мактаби навро кофирӣ эълон кардаанд.

Пас аз ин падарам маҷбур шуд, ки мактаби навро баста, моро боз ба мактаби кӯҳна фиристонад.

Аз ҳамаи ин шарҳу баёнот мехоҳам, ки дар чӣ ақида ва боварӣ будани падарамро баён кунам. Он кас дар ҳақиқат одами тозафикр, русидон, газетхон ва донишманд буданд. Фарзанддӯст, меҳрубон ва мулоҳизакор буданд. Навпарастӣ ва ақидаи ҳаётии он кас, багумонам, ҳанӯз аз даври ҷавонӣ, аз даври хонда гаштанашон сар барзадааст. Он кас дар вақти ҷавонӣ ба бемории сил (туберкулёзи шуш) гирифтор мешаванд. Азбаски фарзанди дӯстдори бобоям буданд, ба табобати падарам ҳеҷ чизро дареғ надоштаанд. Табибҳои маҳаллӣ коре карда натавонистаанд, пас аз Чорҷӯй ва аз Когон табибҳои рус – духтурҳоро ҷеғ зада овардаанд.

пешина
аз 339
навбатӣ