Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Духтурҳо дорую даво карда, фармудаанд, ки шароити осудагӣ, хурсандӣ ва беғамиро муҳайё кунанд; хӯрокҳои хуби равғанӣ, меваҷот бисёр хӯранд; дар ҳавои софу тоза бисёр бошанд... Аммо ин шароит дар Бухоро муяссар намешуд. На ҳавои хуб, на осудагӣ ва беғамӣ! Пас қарор доданд, ки дар чорбоғи Когон (дар қарибии стансияи Когон, дар қишлоқи ӯбачӯлӣ чорбоғи калони бобом буд), ҳамин шароитро муҳайё созанд. Аз рӯи гуфтаи духтурҳо падарам бояд аввали рӯз хуб ба иштиҳо какао, қаймоқ, тухми нимдунбул хӯрад; дар чоштгоҳ ягон хӯроки гарм ба мисли ширбиринҷ, ё мурғкабоб хӯрад; баъд сайр кунад, баъд мусиқӣ гӯш кунад, баъд бо ягон коре машғул шавад (масалан шоҳмот бозад); дар соати сеи рӯз хӯроки нимирӯзӣ - оши палав, шӯрбо, шашлик хӯрад, баъд ду соат истироҳат карда бихобад ва ҳоказо... Лекин дар рӯзи аввал хӯрокҳо дуруст маъқул нашудаанд, сағҳои қишлоқ ак-ак карда ба асаб расидаанд, саркори чорбоғ аз зиндагии сахти худ шикоят карда падарамро хафа кардааст... Хуллас ки чорбоғи Когон санатория нашудааст! Пас, бо маслиҳати духтурҳо падарам ба Ялта рафтани шудааст. Он вақт ба Россия рафтани қозизодаҳо осон набуд. Барои ин рухсати амир лозим буд. Хайр, коре карда рухсат ҳам гирифтанд ва ҳамроҳи Аминҷон махдум ба сафари Россия рафта, дар Ялта чанд гоҳ истиқомат карда, баъд ба Қазон, ба Москва ва ба Петербург ҳам рафтанд. Ман тафсили ин сафарашонро шарҳ намедиҳам, фақат ҳаминро мегӯям, ки ин сафар ба он кас ва амакзодаашон - Аминҷон махдум таъсири мусбат кардааст; ҷаҳонбинии он касро вусъат дода, ақидаашонро ба зиндагӣ тағйир додааст. Бедарак набуд, ки забони русиро омӯхта, аз байни русҳо ба худ дӯстҳо пайдо карда, газетахон ва навпараст шуданд.

Чи тавре ки гуфтам, модарам дар дусолагии ман вафот кардаанд.

пешина
аз 339
навбатӣ