Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Дар хотир дорам: гоҳе бародарзодаи падарам — Аминҷон махсум, ки ҷавони ҳушманд, навпараст, ба қавле аврупоӣ маоб ва тарафдори ҷадидони Бухоро буд (ин ҷиҳати хислати ӯро ман баъдтар донистам) меомад ва чанд гоҳ меҳмони падарам гашта, дар он хонаи навсохт истиқомат мекард. Устод Садриддин Айнӣ ҳам дар Қарокӯл меҳмони падарам шуда, дар он хона чанд рӯз истиқомат карда буданд ва дар ҳамон сафарашон падарамро ба кушодани мактаби нави ҷадидӣ ташвиқ карда, бовар кунониданд, ки агар моро (писаронашонро) дар мактаби нав хононанд, дар андак муддат бохатту савод гашта, соҳиби илму маърифат мешавем. Падарам ба гапи он кас бовар кард ва мактаби ҷадидӣ кушод, ки муаллими аввали он мактаб – Атоуллохоҷа – яке аз ҷадидони Бухоро, хеши Файзуллохоҷа буд. Атоуллохоҷаро ба мо кӣ фиристод, равшан гуфта наметавонам, вале тахмин дорам, ки ӯ бо тавсияи Садриддин Айнӣ омада буд. Зеро Айнӣ дар вақти мактаби ҷадидиро ташвиқ карданаш, гуфта буд, ки муаллим ёфта фиристоданаш ба зиммаи вай аст. Падарам пештар бо Атоуллохоҷа ошноӣ ва алоқа надоштанд.
Ба ҳар ҳол Атоҳоҷа омада, дар меҳмонхонаи калони як бои қарокулӣ мактаб кушод. Дар он мактаб ману бародарам Нуриддинҷон, Абдураҳим ном ҷӯраи мо, ки писари мирзои падарам буд ва боз ду-се нафар ба хондан сар кардем. Атохоҷа бо худаш дафтар, қалам, сиёҳидон ва баъзе китобҳои дар Қазон ва Қогон чопшудаи бачагонаро оварда буд. Мо аз ду тараф дар сари миз менишастем ва аз рӯи нишондоди муаллим ҳарфҳоро ба дафтар менавиштем ва навиштаҳои муаллимро аз рӯи гуфтаи вай мехондем. Баъд чанд дақиқа танаффӯс карда ба дарси дуюм, ба дарси ҳисоб сар мекардем. Аз як то даҳ менавиштем, ҷамъу тарҳ мекардем. Муаллим моро намезад, ҷанг намекард, бо суханони мулоим фаҳмонида медод ва мо шод будем, ки аз мактаби кӯҳна, аз азобу кулфати он ба осонӣ халос шудем.
Атохоҷа пас аз се моҳи омаданаш, пас аз моро алифбохон карданаш, чӣ шуд, ки ба Бухоро баргашта рафт. Ӯро падарам эҳтиром мекарданд, бисёр вақт ба сӯҳбат ва меҳмонӣ даъват карда меоварданд, танбӯрнавозӣ мекарданд... Падарам танбӯрро хуб менавохтанд. Пир ном машшоқ ва танбӯрнавози машҳур устодашон буд, ки ҳамроҳ машқ мекарданд. Атохоҷа аз ҳар ҷиҳат бояд хурсанд мебуд.3 Лекин намедонам барои чӣ Атохоҷа рафту ба ҷои вай як муаллими туркистонӣ омад. Ин муаллим ҳам хушфеъл ва хоксор бошад ҳам, лекин ба гумон донишаш камтар буд ва бо мо дуруст машғул намешуд. Бештар ба саёҳат мебаровард, машқ медод, мисли сарбозҳо поймашқ карда роҳ гаштан ва даст боло карда фаровардан барин ҳаракатҳоро меомӯхту мухтасар гимнастика мефармуд...
Дар ин байн хабари мактаби ҷадидӣ кушодани падарам ба амаки қозикалон рафта мерасад. Он кас одам фиристода аз падарам шарҳи воқеаро мепурсанд. Падарам як мулозими наздики худашон, одами пурдонро гап омӯхта ба назди акашон ба Бухоро мефиристанд, ки он касро осуда карда баргардад.
3 Ман дар бораи Атохоҷа дар романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ба тафсил баён кардаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё