Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло дар сари стол расми ҳамон солҳо ё ки андак пештар кашида шудаи падарам истода аст. Ба он нигоҳ мекунаму симои бародарам Зайниддин (дар аввали солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ба фронт рафта ҳалок шуда буд) ба хотирам мерасад. Вай ба падарам хеле монанд буд. Чашмҳои сиёҳи калон-калон, қабоқҳои бодомӣ, абрувони андак пайвасти сермӯ, бинии баандом, лабу даҳони базеб... Падарам дар сар саллаи начандон калон, хушбасти сафед, мӯлабҳои сиёҳи андак аз ду бари лаб овезон, риши кам, фақат дар манаҳ доштанд. Фарқи Зайниддин ва падарам ҳамин буд. Дар ин сурат падарам дар тан ҷомаи сафед (адрас) пӯшида, намуда истода аст, ки дар зери он камзӯли гиребонаш майда (рангаш номаълум) доранд. Дар хотир дорам, ки падарам мисли мулло ва қозиҳои замонашон либосҳои фаҳӯл ва саллаи калон надоштанд. Саллаю ҷомаю камзӯлҳояшон то ҳадди имкон сабук, базеб ва навоварона буданд.

Хӯрокашон ҳам аз дигар ҳамкасб ва ҳамкоронашон хеле фарқ мекард. Дар қозихонаи Қарокӯл ошхонае ба тарзи аврупоӣ сохта, плитаи оҳанӣ, каструлҳо, қошуқ ва чангҷаҳо, стаконҳою зарфҳои шишагӣ ва чинигии русисохт гузошта буданд. Як ошпази нуғай (тотор) бо занаш кор мекард, ба падарам ва меҳмонҳои рус ва навфикри он кас хӯрокҳои аврупоӣ, аз қабили борщ, катлет, шашлик, кампот, кисел барин хӯрокҳо тайёр карда медод. Падарам ҳар пагоҳ хеле барвақт аз хоб бедор шуда, таҳорат мекарданд ва ду рақъат суннати намози бомдодро дар хона адо карда, ба масҷиди назди қозихона мерафтанд, дар он ҷо бо ҷамоа ду ракъат фарзро адо карда ба меҳмонхона, (ки девонашон – яъне ҷои арзпурсиашон ҳам он ҷо буд) бармегаштанд ва бар маснадашон дар назди тирезаи боло менишастанд. Зимистон бошад дар қарибии ҷои нишасти он кас сандалӣ буд, тобистонҳо мизи начандон калони хуштарҳе меистод, ки дар рӯи он коғазу қалам, китобҳо, дар қуттиҳои он дигар чизҳои даркорӣ (мӯҳр, қайчӣ, тасбеҳ ва ғайра)-ро мегузоштанд. Дар рӯи он миз сӯрохе буд, ки падарам мӯҳрона (пул)-хоро ба он мепартофтанд, ки ба яке аз қуттиҳои миз меафтод.

Кори саҳарии падарам ҳамин буд, ки аз Далоил ном китоби арабӣ-динӣ якчанд варақ мехонданд. Дар ин байн маҳрамашон (яъне одами хосашон) Абдушукур дар як лаъличаи мисини тиллоранг як стакон шири доғ, дар як тақсимӣ се тухми нимдунбул, дар тақсимии дигар як порча нони равғании бомаза ва мурҷдону намакдон оварда ба рӯи миз мемонд. Наҳории аввалини он кас ҳамин буд. Аксаран ин наҳорӣ пеш аз баромадан, ё акнун тулӯъ кардани офтоб воқеъ мегашт. Баъд, агар меҳмон дошта бошанд, дар чоштгоҳ бо меҳмонҳо ширчой, ё ширбиринҷ тановул мекарданд ва пас аз намози пешин (тақрибан дар соати 2-3) аксаран оши палав (ман барин ошхӯр буданд) аз пасаш харбуза; бегоҳӣ чизе аз хӯрокҳои аврупоӣ – масалан катлет, ё мурғбирён бо картушкабирён мехӯрданд.

Яке аз меҳмонҳои падарам сардор (начальник)-и стансияи роҳи оҳани Қароқӯл бо дӯстонаш буд. Ё духтуре (табибе) аз Чорҷӯй ва ё Бухоро меомад. Масалан «Духтуршо» ном табиб, зане, ки ҳамон солҳо дар Бухоро кор мекард ва машҳур буд, меомад; ду рӯз, се рӯз меҳмон мешуд. Падарам барои чунин меҳмонҳо хонаи баланди барҳавои аврупоисохт андохта буданд, ки як даҳлезу ду хона дошт. Яке зали калон, дигаре хонаи хоб. Фаршаш тахта, деворҳош бо ранги равғанӣ гулкорӣ карда шудагӣ, сақфаш ламма. Залаш ду тирезаи калони дуқабата дошт, ки бо пардаҳои тӯрин ва ҳарир пӯшида буд. Хонаи хобаш аз қарибии сақфаш равоқе дошт, ки бо шишаи булӯрин гирифта шуда буд. Аз даҳлези ин хона як даре буд, ки ба ҳавлии даруни қозихона кушода мешуд. Таҷҳизоти хона ҳама ба тариқи аврупоӣ — стол ва устулҳои маҳмалин, диван ва буфет дар зол; кати калони симӣ ва дигар ашёҳо дар хонаи хоб; дастурӯшӯяки калонирмарӣ бо собунҳои ироқӣ ва дастурӯпоккунаки сафед дар даҳлез меистод.

пешина
аз 339
навбатӣ