Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Гӯё, бо бародаронашон созиш карда натавониста озими Бухоро шудаанд. Номашон, гӯё, мулло Байзо будааст.2 Ин кас толибилм ва хеле хушистеъдод будаанд, ки якчанд сол дар мадрасаи Мири Араб фаррошӣ карда, дар айни замон хонда, мулло ва мударриси калон гаштаанд. Намедонам, ба ягон мансаб расидаанд, ё не, вале писара-шон мулло Садриддин оҳиста-оҳиста ба мансаби қозикалони шаҳри Бухоро мушарраф гашта чандин сол дарсгӯй ва қозигӣ кардаанд. Пас аз он кас писарашон мул-ло Бадриддин қозикалони Бухоро мешаванд. Назар ба шунидам ин кас шахси доно ва ба тадбир будаанд, шеъру адабиётрӯ дӯст медоштанд. Қозигии ин кас дар замони амир Аҳадхон мегузарад ва қариб навадсола шуда аз дунё чашм мепӯшанд. Ба ҷояшон писари калонӣ — мулло Бурҳониддин, ки аввал раиси Бухоро будаанд, қозикалон мешаванд...

Ин ҳамаро ман шунидагӣ ҳастам. Он чӣ ки худам дидаму аз сар гузаронидам ва медонам, чунин аст.

Аз соли 1914 ин ҷониб ба фаросат гашта, дунёро медонидагӣ ва дар хотир медонтагӣ шудам. Дар он дам падарам дар Қарокӯл қозӣ буданд. Ҳамин дар хотирам нағз мондааст, ки мехостам шайтонароба (велосипед)-и сечарха дошта бошам. Ҳар рӯз ба падарам дар ин бора гап кушода, талаб мемондам. Лекин падарам мегуфтанд, ки сабр кун, ҷанги ҷаҳон ба охир расад, ба ту шайтонароба харида медиҳам. Ҷанги ҷаҳон соли 1914 сар шуда буд ва маълум, ки дунёбинии ман ҳам ҳамон солҳо сар шуда аст.

2 Азбаски қозикалонҳои Бухоро кӯлобӣ будаанд, дар мадрасаҳои Бухоро бештар муллобачаҳои кӯлобӣ таҳсил мекардаанд ва аксарияти мулло ва мударрисҳо ва ҳатто қозиҳои туманҳо аз кӯлобиҳо будаанд. Ин ҳол як қисми мардуми Бухороро ба ҳаяҷон меовардааст. Чунончӣ Фитрат ва дигарон чунин ҳачвияро бофта бароварда дар байни мардум паҳн кардаанд: гӯё мардуми кӯҳистон, пойлучони Кӯлоб ба Бухоро сафар карда, то ба зери қалъаи Бухоро номашон мулло Тухмак бошад ҳам, аз дарвозаи Бухоро, ки даромаданд номашонро мулло Байзо мемонанд!.. Ин ҳачвия бевосита ба бобои бокалони ман тааллуқ дорад, ки номашон мулло Байзо будааст.

пешина
аз 339
навбатӣ