Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

даъвогарро шунида, аз ҷавобгар мепурсид, шоҳидҳоро мешунид ва агар ҷавобгар иқрор шавад ва даъвогарро қонеъ кунонад, ҷанҷол ба охир мерасид. Қозӣ ба аризаи даъвогар мӯҳр монда, мӯҳронаи худашро аз тарафайн гирифта ба ҳама ҷавоб медод. Агар ҷавобгар қайсарӣ кунад, мункир шуда истад, қозӣ ба ӯ дӯғ мезад, ҳатто ба мулозим мефармуд, ки ӯро шаллоқ кунад. Гоҳо ҷинояткоронро бо дарра мезаданд, гоҳо ҳабс карда (дар саисхона, ки «кундахона» дошт) чанд рӯз нигоҳ медоштанд. Баъд хешу табори ҷавобгар бо оқсақол омада, ҷарима дода, даъвогарро розӣ кунонда, ҷанҷолро тамом карда мерафтанд. Ҳар рӯз аз аввали рӯз то қариби бегоҳ кор ҳамин буд. Рӯзҳои бозор кор меҷӯшид. Таи дарвоза, мирзохонаҳо пур аз мардуми арзӣ, даъвогар, ҷавобгар ва шоҳидҳо мешуд.

Мирзоҳои падарам аксаран ҷавонҳои босавод, хушсалиқа ва ҳатто мунавварфикр буданд. Яке аз он мирзоҳо, ки номаш гӯё Мирзо Исмоил буд, пас аз инқилоб ба идораҳои давлатӣ даромада кор кард, хеле фаъолият нишон дод, ҳатто аъзои партияи коммунистӣ шуд ва ӯро раиси иттифоқи косибон интихоб карданд. Ин мирзо хеле босавод буд, намедонам лафзи арабиро медонист, ё не, ба ҳар ҳол ба мо (ба ман, ба акаам ва ака Турсун) рӯзҳои камкории зимистон, дар ҳамон меҳмонхонаи баланд, нишаста аз рӯи Қуръон қиссаи Юсуфу Зулайҳоро хонда, тарҷума карда медод. Афсӯс ки он ҷавони босавод дер намонд, ба бемории сил гирифтор шуда мурд. Ҳукумати Бухоро ӯро бо тантана гӯр кард.

Яке аз мирзоҳои падарам Мирзо Муҳаммад Мурод ном дошт, ки хеле босавод буд. Ба гумонам шеърдӯст ва шеърдон будааст. Аз вай баёзи бисёр хубе ба ман мерос мондааст, ки ҳоло дар китобхонаам маҳфуз аст. Умуман

пешина
аз 339
навбатӣ