Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дар қозихонаҳо ва идораҳои болоии аморат босаводтарин ва хушсалиқатарини одамон ҳамин мирзоҳо буданд. Аҳмади Дониш ҳам дар арк, дар назди қушбегӣ мирзой мекардааст. Дар мирзохонаи қозии калони Бухоро Мирзо Қобул ном мирзои босаводи машҳур кор мекард, ки вай ҳам шоир буд, ҳам донишманд ва забоншинос буд. Солҳои охири умраш дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ, дар Душанбе, дар шӯъбаи дастхатҳо кор мекард ва баъд хеле пир шуда вафот кард.

Рӯзе ба китобхонаи Фирдавсӣ, ба шӯъбаи дастхатҳо даромада бинам, Мирзо Қобил оташин ва хафанамост. Ҳа, ба шумо чӣ шуд, гуфта пурсам, мегӯяд ки Махдум, ҳамин Ғиёс (соҳиби луғати машҳур) ба гумонам як одами қаддароз, хароб (логар) ҳераовезон будааст. Охир, ҳар луғати даркориро ҷӯед, намеёбед, луғатҳои нодаркори ба ҳама маълум чӣ қадар ки хоҳед, ҳаст! Аз ин суханони Мирзо Қобил ман ва шарики кораш Сироҷиддин махдум (ки ӯ ҳам дар ҳамон шӯъба кор мекард) хуб хандидем. Ин ҳарду донишманд ва одамони хушсалиқа бисёр китобҳои дастхатти нодирро таъмир карданд, ҷоҳои сукуташро аз нав навишта пур карданд ва ба китобхона фоидаи бисёре расониданд.

Мирзоҳои падарам низ одамони босавод ва босалиқа буданд. Дар сӯҳбати онҳо падарам гул-гул мешукуфт. Онҳо низ падарамро ҳурмат мекарданд. Дар Ғиҷдувон мирӯ ҳоким набуд, бинобар он маснади падарам — қозигӣ калонтарини маснадҳои музофот ба шумор мерафт. Амлокдор, раис ва муфтӣ гӯё тобеи падарам буданд ва рӯзҳои ҷумъа, ки дар ҳавлии мо оши шӯлон мешуд, ҳамаи мансабдорон ҳозир мешуданд. Дар хотир дорам, ки амлокдори Ғиҷдувон (ки одами сипоҳӣ буд) ба сӯҳбати падарам камтар меомад. Аммо раису муфтӣ бисёр вақт дар сӯҳбати

пешина
аз 339
навбатӣ