Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

амакбачаҳои мо аллакай хату саводи худро баровардаанд ва ғайра. Ин суханҳоро шунида ман шабу рӯз ғайрат мекардам, навиштан ва хонданро машқ мекардам ва дар қарибии аз Ғиҷдувон рафтан, ман Хоҷа Ҳофиз ва «Чаҳор китоб»-ро ҳиҷҷа карда мехондагӣ; номи худам, номи бародарам ва номи ҷӯраҳоямро навишта метавонистагӣ шуда будам. Ҳатто Бедил (ғазалиёт), Навоӣ, Маслакалмустақим барин китобҳоро хонда ба охир расондам. Барои ин кораш ман аз ака Турсун як умр миннатдор гаштам.

Боз як даромади ака Турсун гоҳ-гоҳ аз ҷанҷолҳо ва аз хизмате, ки дар фурӯ нишондани ин ҷанҷолҳо мешуд, иборат буд. Падарам гоҳ-гоҳ дар қатори дигар мулозимон ба ака Турсун ҳам кор медод ва ӯ хурсанд шуда бо даъвогар ба қишлоқаш мерафт.

Пас аз инқилоби Бухоро ака Турсун якбора калон шуда монд. Ӯро ба вазифаи раисии комитети тафтишӣ таъйин карданд. Бо занаш дар як ҳавлии калони ҳукуматӣ ҷойгир шуда буд. Падарам ману акаам Нуриддинҷонро ба назди ака Турсун ба салом фиристод. Ба гумонам мехост, ки вай (ака Турсун) қадри нону намаки моро карда, ба мо ва ба оилаи мо некиҳо (аз ҷиҳати моддӣ) мекунад. Вале вақто ки мо ба ҳавлии вай рафтем, он ака Турсун дигар шуда буд. Моро дуруст қабул накард, муомилаи хуб накард. Мо малӯл баргаштем. Лекин пас аз чанд гоҳ фаҳмидем, ки ака Турсун ва занаш дар як шаб вафот кардаанд. Касе ба оши онҳо заҳр андохта додааст. Барои чӣ ин корро карда бошанд, ба ман номаълум аст.

Хӯш! Вақто ки мулозим, даъвогар, ҷавобгар, оқсақол ва шоҳидҳоро гирифта овард, боз ба рӯи бӯрёи шариат даъвогар ва ҷавобгар мешинанд. Шоҳидҳо, оқсақолу мулозимҳо рост меистанд ва муҳокима сар мешуд. Падарам

пешина
аз 339
навбатӣ