Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
тоҷикиро нағз медонад ва китоби «Зоғҳои бадмур»-ро ба ӯзбекӣ тарҷума карда баровард. Аз ин ваҷҳ вай ба ман ёрии калон дод. Дар ҳар бор ба Бухоро рафтанам, албатта ба хонааш хабар мекунад.
Имрӯзҳо эҷодиётам гӯё яхбаста мондааст. Ба навиштан ва эҷод кардан ҳавас нест. Умуман пирӣ ва нотавонӣ оҳиста-оҳиста худнамоӣ карда истодааст. Қувваи ҳофиза хеле суст шудагӣ, ҳатто ҳамин хотираҳои худамро ҳам ба ёд оварда навишта наметавонам. Асари охирини ман (шояд дар ҳақиқат «охирин» бошад!) «Гули бодом» аст, ки аз ҳаёт ва фаъолияти артисткаи халқии СССР - Тӯҳфа Фозилова гирифта навишта шудааст. Ин асар дар шумораҳои 11-12 «Садои Шарқ» соли 1981 чоп шуд (ба таври мухтасар). Пурраи романро ба нашриёти «Адиб» дода будам, ҳоло қариб ду сол мешавад, ки аз чопваш дарак нест.
Мегӯянд ки коғаз нест, пул нест, кор нест... Дар ҳақиқат агар рафту чоп шавад, бояд хеле қимат афтад. Шояд нархи як китоби 40-50 сӯм шавад. Пас онро кӣ мехарад? Аҷаб замона шуд?
Имрӯзҳо — моҳи сентябри соли 1992 пирию дармондагиро дар худ бештар ҳис мекунам. Хусусан пас аз он ки рӯзи 20 сентябр, дар соати 11-и рӯз нохост диламро, балки тамоми сари диламро дарди қаттол гирифт. Дод задам, ёрӣ хостам, Саодат ба сарам омада чӣ кор карданашро намедонист. Хайрият ки дар ҳамин замон аз берун Ҷонон ва Шодӣ даромада омаданд. Ҷонон дар Москва буд, рӯзи шанбе бегоҳон бо телефон гуфт, ки пагоҳ аввали рӯз ба Душанбе меравад. Аз Кофарниҳон Озод ҳам телефон карда гуфт, ки пагоҳ аввали рӯз мерасад. Рӯзи якшанбе шуд, соат аз нӯҳ гузашт, на аз ин ва на аз он дарак нашуд. Дилам ҳавл кард, ба воҳима афтодам. Шояд як боиси инфаркт шудани ман ҳамин бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо