Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Хайр, Ҷонон зуд ёрии таъҷилиро чег зад. Ба толеи ман ёри дер накарда омад, лекин дар сумкааш на сӯзани як бор истифода мешудагӣ буду на ягон дору. Хайрият ки Ҷонон аз Москва ҳам сӯзан ва ҳам доруҳои бисёре оварда будааст, ки аз онҳо истифода бурда, сӯзан карда, дард андак ором ёфт. Баъд кардиограмма карда гуфтанд, ки инфаркт шуда-ам. Зууд ба замбар бор карда, ба машина гузоштанд ва ба бемористони Қарияи боло – ба кардиоцентр бурданд. Маро зуд ба хонаи ёрии дам-бадам (интенсивний) бурданд. Писари духтур Абдураҳмонов дар он ҷо будааст, зуд ба муолиҷа сар кард. Чандин доруҳоро сӯзан карданд. Ман то шаб хобидам. Бедор шуда будам, ки боз дору гузарониданд. Ин дафъа субҳ қариб сиҳат шуда бедор гаштам. Баъд маро ба хонаи дигар, ки дар он ҷо панҷ нафар буданд, гузарониданд, фақат рӯйнокӣ мехобидам, ҷунбидан намемонданд. Ҳар замон дору медоданд ва нигоҳубин хеле хуб буд. Ман дар он хона қариб як ҳафта хобидам. Дарди дилам қариб тамом шуд. Пас ба хонаи дигар гузарониданд, ки дар он ҷо се-чор кас буд. Дар ин хона ҳам як ҳафта барин истода, баъд ба қабати дуюм бароварданд, ки дар ин ҷо роҳ гаштан мумкин буд, лекин ба андозааш! Баъзеҳо ки аз ман се-чор рӯз пеш омада буданд, боҳузур роҳ гашта, тамошо карда мегаштанд. Лекин аз ҷиҳати духтур ва табобат дар ин ҷо чизе набуд. Ҳар рӯз як бор (агар фурсат ёбад) духтур омада фишори хун ва набзро медиду халос. Ман пас аз як ҳафта бо худи духтур маслиҳатро пухта, ба бемористони ҳукуматӣ гузаштам. Дар ин ҷо Раиса Сергеевна ба ман нигоҳубин мекард. Аҳволам рӯз то рӯз беҳтар шудан гирифт. Аввал рухсат дод, ки дар роҳрав гардам, баъд ба рӯи ҳавлӣ баромада гаштам, баъд аз зинаҳо боло шуда ба қабати дуюм баромадам.

Дар қабати дуюм Одина Ҳошим буд, ки ҳамеша бо шеърҳои бисёре, ки медонист маро хурсанд мекард.
Масалан:
Пирӣ ту маро зору табоҳам кардӣ,
Маҳкум ба рӯзу моҳу солам кардӣ.
Инҳо ҳама ҳеҷанд, вале сад афсӯс
Маҳрум зи лаззати гуноҳам кардӣ.
(шоири афғон)

Ман бо худам Ҳофизи Шерозиро оварда будам, мутолиа мекардам. Нохост рӯзи 4 октябр ба Душанбе ҳуҷум сар шуд. Духтурҳо наомада монданд. Қисми беморон ба ҳавлиҳои худ рафтанд. Ман ҳам рӯзи панҷуми октябр аз Раиса Сергеевна бо телефон рухсат ва розигӣ пурсида ба хона омадам ва чанд рӯз истироҳат карда, имрӯз ба хотиранависӣ сар кардам.

пешина
аз 339
навбатӣ