Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Дирӯз Барис Наматиев омада мегӯяд, ки ҳамон рӯзҳои сахти балво Абдусалом Раҳимов – артисти халқии ҷумҳуриро дошта, зада, камтар ҳабс карда ҷавоб додаанд. Театри Лоҳутӣ кор намекунад, ҳаёти маданӣ қариб аст ки хомӯш гардад.
Рӯз то рӯз қиматӣ ва қаҳтӣ шуда истодааст. Боронҳои сел ва офати табиӣ имкон намедиҳад, ки деҳқон киштукор кунад. Техника камёб, бензин камёб, одамҳо дар азоб... Илоҳо, ин зимистони оянда гӯшти одамхӯрӣ нашавад! По-ко, парвардигоро ба бандагонат раҳм кун! Кошки ҳаво гарм шавад, кошки борон монад! Кошки осудагӣ, тинҷӣ шавад! Наход ки дар охири умр, дар ин синну соли пирӣ ману Саодат ва бачаҳоямон дар азоб монем?! Не, аз худо дархост мекунам, моро наҷот диҳад, моро дар паноҳи исмати худаш саломат нигоҳ дорад! Омин, ё раббулоламин!
Дар Бухоро кӣ дорем? Як хоҳару ду ҷиян? Хоҳарам – Вориса гоҳо бемор, гоҳо сиҳат ва аксар вақт дар бемористони «Ситораю моҳи хосса», ки пештар «ҳукумати» буд, мехобид. Намедонам дар он ҷо чӣ ёфтааст, ки гап ду шуд, ӯро дар бемористон меёбед. Албатта аз хонаю ҷояш осуда, тинҷ аст. Рӯзонаҳо ки набераю духтараш – Кимиё ба хондан ва кор мераванд, як худаш зиқ мешавад, бемористон хуб аст, дар беруни шаҳр, дар боғи дилфазо, бо ину он сӯҳбат карда хоб мекунад. Духтари калонӣ – Сурайё хонаи алоҳида дорад, фарзандаш дар дасти Кимиё, вай беғам, кайф!
Дар Бухоро боз Аминҷон Шукуров ҳастанд. Ин кас раиси радиокомитети Бухоро мебошанд. Ҳар вақт ки мо Бухоро рафтани шавем, ба ин кас телефон мекунем, бечора моро пешвоз гирифта, ба хона бурда, барои ғундор-ғундор ва тоза кардани хона ёрӣ медадагӣ касонро меёбанд, илоҳӣ барака ёбанд!
Боз Тошпӯлод Аҳмедов – шоир ва раиси нависандагони Бухоро ҳаст. Ин ҷавони ӯзбек, аз Шофирком буда,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо