Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

(Имрӯз ки рӯнавис мекунам – 6 июн, аҳволи Дилошӯб хуб аст). Номи писарашро Азиз монданд.

Имрӯз 25 моҳи майи соли 1992, ҳаво абрнок, борони кӯтоҳмуддат меборад, гуфт радио. Боз аз радио шунидам, ки дастаи дуздон ва ғоратгарон, ки ҳукумат яроқ дода буд, ба яғмогари давом доданд. Дар ноҳияи Восеъ касеро паррондаанд ва боз дар канори наҳри Яхсу касеро куштаанд ва ғайра ва ҳоказо... Ин хабарҳоро шунида ба воҳима меафтад кас. Мегӯям: Худоё, ба мулки тоҷикон чӣ шуд? Чаро ба ғазаб гирифтӣ? Аз гуноҳи мардум гузар, бубахшоӣ!
Дишаб аз телевизор дидам, ки дар ноҳияи Комсомолобод ба болои 21 хонавода теппаи хокӣ чаппа шудааст. Чӣ қадар ҷонҳо талаф шудаанд. Комиссияи ҳукуматӣ рафта, ба қадри имкон ёрӣ дода истодааст. Тавба кардам, бад кардам, худоё! Аз гуноҳи бандагонат гузар, ба ғазабат гирифтор накун! Ана ҳамин воқеаҳо имкон намедиҳад, ки мо ба Бухоро рафта, камтар дам гирем ва даҳ-понздаҳ рӯз истироҳат карда биёем. Як монеаи дигар ин ки дар вақти Бухоро рафтани мо дар хона, дар назди Назира меистодагӣ кас нест. Ба ҳар ҳол, ҳанӯз дуруст маълум не, ки мо кай ба Бухоро ва киҳо меравем. Ҳеҷ нашавад, ман бо Алиҷон рафта, камтар истода, корҳоро саранҷом дода меоям.

Шаҳру мамлакат нотинҷ аст. Ҷӯрабек Муродов, ки артисти халқии СССР ва ҳофизи машҳуру овозадори тоҷик
аст, аз тарси иғвогарон ва иқтишош гурехта, намедонам ба
куҷо рафтааст. Мегӯянд, ки дар Бухорост, боз мегӯянд, ки
дар Мастчоҳ аст. Ба ҳар ҳол аз Душанбе рафтааст. Ин чӣ
рӯз буд-а?! Ҳамин тавр одами машҳур ва ягонаро таъқиб
мекунанд?! Хайрият ки ба ман тааддӣ намекунанд. Шояд
пирӣ ва барҷомондагии маро медонанд!

пешина
аз 339
навбатӣ