Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Лекин Раҳмонов ба ҳукумат хиёнат карда, ба тарафи балвогарон гузашт. Инро дида, ҳукумат гӯё дуздон ва ҳамсиҳоро бароварда, бо яроқ мусаллаҳ гардониданд. Лекин зӯрашон нарасид, магар ки кӯлобиҳо дар як шаб чизу чораҳошонро ниму нисфӣ ғундошта майдонро тарк карданд. Набиев, Кенчаев ва Дӯстов дар таҳхонаи КГБ руст шуданд. Як рӯз ҷавонони майдони Шаҳидон ба КГБ ҳуҷум карданд, лекин аз бинои нотайёри назди КГБ аскарҳо ба онҳо оташ кушоданд. 10-15 кас кушта ва бисёриҳо захмӣ шуданд. Хуллас ки воқеаҳо чунон тезу тунд шуданд, ки қариб буд ҷанги граждани сар шавад. Не, хайрият ки сардорони ҳизбҳо ва ҳукумат чанд рӯз гуфтушунид карда, қарор доданд, ки ҳукумати миллии нав, иборат аз намояндагони оппозитсия ва ҳукумат созанд. Набиев дар ҷои худ боқӣ монд.

Ҳоло қариб як ҳафта (имрӯз 22 май) мешавад, ки дар шаҳр нисбатан тинҷӣ ва осудагӣ барқарор гашт. Лекин ба ҳамаи ин ҷанҷолҳо ва хунрезиҳо қаҳри худо омад, магар ки боронҳои селро фиристод. Дар Кӯлоб, Ғарм ва ҷоҳои дигар ҳазорҳо хона ва садҳо қишлоқҳо вайрон ва дар зери хоку лой монданд, ҳазорҳо гектар киштзор хароб шуд, садҳо нафар ғарку ноёб гаштанд. Ҳоло ҳукумат бо ҳамин кор, яъне бо пешгирӣ ва илоҷи оқибати сел машғул аст. Намедонам имсол, зимистони оянда аҳволи халқи чӣ мешавад. Гушнагӣ, қаҳтӣ нашавад, илоҳо!

Мо дар моҳи май ба Бухоро рафтани будем, нашуд. Воқеан: Дилошӯб писар таваллуд кард, дар 4 майи соли 1992, ҳоло дар хонаи модараш, лекин бисёр вақт таб мебарорад. Чанд рӯз пеш пенисилин ёфта, сӯзан карданд, камтар сиҳат шуд. Имрӯз 22 моҳи май, боз таб баровардааст. Ин хабарро шунида боз дилам сиёҳ шуд. Намедонам чӣ кор кунам. Духтурҳо мегӯянд, ки ширашро дӯшидан лозим.

пешина
аз 339
навбатӣ