Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
пайдо шуданд. Дар Тоҷикистон партияи «Наҳзати ислом», партияи демократӣ, партияи мардумии «Растохез» ва ниҳоят партияи «Лаъли Бадахшон» ба вуҷуд омад. Ин ҳизбҳо, ин партияҳо бо қозии ислом ва муллоҳо даст ба ҳам дода, Тоҷикистонро нотинҷ ва пургавғо сохтанд. Аввал дар феврали соли 1990 ифтиноши калон дар Душанбе ба вуқӯъ омад. Мағозаҳоро сӯхтанду талаю тороҷ карданд, ҷавонон кушта шуданд (бинобар он майдони назди СеКа-ро - майдони Шаҳидон ном доданд). Дар он дам СССР вуҷуд дошт. Аз Москва ва дигар ҷоҳо аскару тӯпу танк омад. Шӯришро зер карданд. Ду сол як навъе гузашт. Интихобот шуд. Раҳмон Набиев президент шуд. Лекин сардорони партияҳои номбурда намонданд, ки ҳукумат ва Набиев дуруст кор кунад. Дар моҳи марти соли 1992 боз ифтинош, митингбозӣ сар шуд. Аввал дар майдони Шаҳидон мардуми бисёре хаймаю боргоҳ сохта, шабу рӯз доду фарёд карданд. Дар ин маърака Бозор Собир (шоир) фаъолона ҳамроҳӣ кард. Ман шеърҳои ӯро дӯст медоштам ва ӯро ҳурмат мекардам. Лекин баъд девонагӣ ва саркашиҳои ӯро дида ихлосам гашт. Гуфтам: ҳайфи шоирӣ ба вай! Шоир наход ки халқро иғво кунад, бедарак мардумро ба хунрезӣ тарғиб кунад! Мардум ба гуфтаҳои ӯ бовар карда худро ба ҳар тараф мезаданд. Ҳатто бинои СеКа-ро аз чор тараф печонида гирифта, намонданд, ки ҳукумат кор кунад. Пас ба муқобили онҳо, ба гумонам, сардорони ҳукумат аз Кӯлоб ва дигар ҷоҳо мардуми бисёреро ҷамъ карда ба майдони Озодӣ оварданд ва қариб якякуним моҳ дар ду майдон доду фарёд карданд. Шаҳр ба зилзила даромад. Автобусу тролейбусҳо намегаштагӣ шуданд. Зиндагӣ тираю тор гашт.
Ҳукумат, Набиев ва дигарон бо сардории генерал Раҳмонов иборат аз 700 нафар лашкар тартиб дода бо яроқ таъмин карданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо