Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Шӯравӣ, СССР зерӯ забар гашт, нест шуд. Дар натиҷаи манъи арақу вино ҳазорҳо гектар ангурзорҳоро аз бехаш канданд, садҳо заводҳои арақу вино несту нобуд гашт. Мардум ба нашакашӣ ва дигар корҳои бад гузаштанд. Пас аз харобии иқтисодиёт ва бемории мардум худаш иқрор шуд, ки хато кардааст. Ин «хато» ба миллиард ва куруротҳо баробар гашт. Пас аз «хатои» Горбачев мамлакат тикаву пора гашт. Сохти коммунистӣ қариб нест шуд. Ҷумҳуриятҳои назди Балтика сар карда ба худ истиқлол гирифтанд. Ҳамаи мамлакатҳои демократии атроф – Полша, Чехословакия, Руминия, Булғория ва Германия юғи коммунистиро партофта, ҷудо шуданд. Германияи шарқӣ бо Германияи ғарбӣ ҳамроҳ шуд. Хоникер овораҳои вилоят шуда, ҳоло дар сафоратхонаи Чилӣ ба худ паноҳ бурдааст. Дар СССР бошад, аввал Украина, Россия ва Белоруссия иттифоқ баста аз СССР ҷудо шуданд. Баъд ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна истиқлол гирифтанд ва Горбачев бекор шуда монд. Алҳақ ҳеҷ қувва ба ин қадар зуд ва осонӣ давлати зӯр, бошукӯҳ ва бузурги дунё – СССР-ро нобуд карда наметавонист, чи тавре ки Горбачев кард!

Дар Қафқоз ва Молдавия ҷангҳои сахти байни ҳамдигарӣ оғоз ёфт. Арманистон бо Озарбойҷон ба болои Қаробоғ ҷангро сар карданд. Ҳазорҳо одамон талаф гаштанд. Дар Осиёи Миёна аввал қирғизҳо бо тоҷикҳо, баъд бо узбекҳо ҷанг карданд, хайрият ки зуд оштӣ шуданд. Горбачев М.С. ба ҳамаи ин воқеаҳо ва расвоиҳои дигар сабаб шуд. Вай бо чӣ мақсадҳои нопок ҳаёти осудаи халқҳоро вайрон ва зерӯ забар кард. Умуман ғояи вай дуруст бошад ҳам, ҳоло мардуми ҷоҳил ва қафомондаи мамлакат ба ин «озодӣ» тайёр набуд. Горбачев ба ҳамаи дигар ҳизбҳо озодӣ дод. Дар ҷумҳуриятҳо ҳизб (партия)-ҳои оппозитсия

пешина
аз 339
навбатӣ