Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

мераванд ва дар кадом қишлоқ (шояд дар он ҷо шиносе дошта бошанд) муқим шуда, муаллимӣ карда мегарданд.

Рӯзи дигари ғоиб шудани Муинзода, духтарашон ба ман як хатча бароварда дод. Муинзода ба ман, ки котиби масъули маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» будам, навиштаанд, ки ҳаққи қалами он касро аз бухгалтер рӯёнида ба оилаашон супорам. Ман ин корро кардам ва боз аз худам ҳам ёрии моддӣ расонидам, зану бачаҳои Муинзода, пас аз чанде кӯчида ба Ленинобод рафтанд, хонаро Турсунзода ишғол кард.

Муинзода то гузаштани даҳшати соли 1937 ғоиб буданд. Баъд Усмон Юсуфов, ки котиби якуми комитети марказии партияи коммунистии Ӯзбекистон буд ва шахси бисёр бафаҳм, доно ва маданӣ буд, ба Андиҷон рафта, иттифоқо аз касе мефаҳмад, ки дар кадом мавзеи он ҷо як шоири забардасти тоҷик истиқомат дорад. Он касро ҷуста меёбаду бо худаш ба Тошканд бурда, ба Ғафур Ғулом месупорад, ки ба он кас кор ёфта диҳад ва аз ҳар ҷиҳат таъмин кунад. Ғафур Ғулом хурсанд мешавад ва бо Муинзода улфат гашта, шеърҳояшро ба тоҷикӣ тарҷума мекунонад ва бо ҳамин Муинзода сокини Тошканд мешаванд. Солҳои охири умрашон (фаромӯш кардаам) ба Хуҷанд баргашта, дар зодгоҳ худашон вафот карданд.

Вақто ки ин сатрҳоро менависам, дар мамлакат дигаргуниҳои калон ба вуқӯъ омадаанд. Пас аз вафоти Брежнев ва яки дигараш (Черненко) ба мамлакат (ССРР) Горбачев Михаил Сергеевич калон шуд. Вай дар соли 1985 «Бозсозӣ» ном чизеро ба майдон андохта, тамоми корубор ва рафти осудаи зиндагиро тағйир дод. Ошкорбаёнӣ, озодӣ, истиқлолиятро ривоҷ додан хост. Нӯшидан, арақу виноро манъ кард. Оҳиста-оҳиста коре кард, ки сохти давлати

пешина
аз 339
навбатӣ