Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Барои арақ харида овардан зану бачаҳояшон пул надоштанд. Лоҷарам духтарашон боло баромада, аз мо пул қарз мегирифт ва ба дӯкони арақфурӯшӣ рафта, арақ меоварду ба падараш менӯшонид, то ки он кас ба по хезанд...

Боре театр ба он кас шеъре ба забони туркӣ дода (бахшида ба 26 комиссари Боку), тарҷумаашро фармудааст, зеро ки солонаи ёдоварии бисту шаш комиссари Боку қариб будааст. Аммо Муинзода ба арақхӯрӣ ва мастӣ овора шуда, ба зудӣ тарҷума накардаанд. Ниҳоят як бегоҳ режиссёр - Фатҳулло Умаров ва директор Бобоҷонов ба хонаи Муинзода меоянд, ки аҳбоб ҷамъ, дастурхон паҳн, арақу газакҳо монда шудагӣ, кайфи Муинзода баланд.

Омадагон пас аз аҳволпурсӣ ва сӯҳбат, аз Муинзода тарҷумаи шеърро металабанд. Он кас мегӯянд, ки тарҷума нест. Омадагон бо исрор талаб карда, ҳеҷ набошад, оригинали шеъри туркиро бидиҳед мегӯянд. Муинзода дар ҷавоб мегӯянд, ки:

– Ман шеъри бисту шаш комиссарро ба фалонам халонда партофтам!

Ин суханро омадагон навишта гирифта мераванд. Пас аз ду-се рӯзи дигар дар клуби хонаи мо маҷлиси правленияи иттифоқи нависандагон ташкил ёфт ва дар он масъалаи дида баромадани кори Муинзода гузошта шуда буд. Гӯё ки Муинзодаро суд мекарданд. Сиёҳкунандагон Фатҳулло Умаров ва Бобоҷонов буданд. Пас аз андак муҳокима, гуноҳашонро ба гарданашон дайн карда, қарор доданд, ки Муинзода аз сафи нависандагон хориҷ карда шавад. Ин қарори бисёр сахт буд, қароре ки пас аз он шахсро озод намемонданд. Хусусан ки сол - соли 1937 буд.

Муинзода бо вуҷуди арақхӯрӣ ва мастӣ ба кори худ пухта ва тақдири ояндаи худро медонистагӣ будаанд. Он кас худи ҳамон шаб ба поезд савор шуда, рост ба Андиҷон

пешина
аз 339
навбатӣ