Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
сар карданд. Хонаи Муинзода ҳам заминакӣ буд, фақат дар миёни хона хонтахта меистад. Дар баробари омадани мо ба рӯи хонтахта нон, мавиз, чой ва шириниҳо оварда монданд. Пас, Васфӣ аз киса шишаи арақро бароварданд.
Ману Ҳомидию Юсуфҷон нанӯшидем. Васфӣ бо устод нӯшиданд. Арақ тамом шуда буд, ки мо аз ҷо бархостем, лекин занашон дар дами дар омада гуфт, ки зирбак тайёр, камтар сабр кунем, ош тайёр мешавад. Мо узр гуфтем, ман кори зарур дорам гуфтам. Медонистем, ки аҳволи иқтисодии Муинзода чандон хуб нест ва баъд, мо ёрои хӯрокхӯрӣ надоштем.
Дар он ҳол Муинзода аз ҷо бархоста гуфтанд:
— Мон, ош накун, инҳо гӯҳ хӯранд!
Мо гапе назада, хайру хуш карда аз хона баромадем.
Охирин бор вохӯрӣ бо Муинзода ҳамин буд. Ин шоири забардаст ва қариб классики тоҷик, ҳамин тавр, дар қаландармашрабӣ, нодорамӣ ва арақхӯрӣ умр гузаронида, баъд дар охири умраш ба Ленинобод рафта вафот кардааст.
Муинзода Мунирхон ном дошт. Вай аз мо пештар ба Душанбе омада буд, дар кадом идораи рӯзнома кор мекард, шеърҳои бисёр хуб менавишт ва тарҷумаҳо мекард.
Вақто ки хонаи дар кӯчаи Орҷоникидзе будаи Иттифоқи нависандагон тайёр шуд, мо дар қабати дуюм будем, Муинзода дар қабати якум, дар зери хонаи мо истиқомат мекард. Он вақт Муинзода дар театри ба номи Лоҳутӣ ходими адабӣ буд, лекин арақхӯрӣ ва мастиро аз ҳад мегузаронид. Шаби дароз арақхӯрӣ ва мастӣ карда, бевақт хоб мекард ва то саҳар нолида «у-у» гуфта рӯз мекард. То чоштгоҳ хобида, бедор шавад ҳам аз ҷо бархоста наметавонист, то ки духтараш, ё занаш як пиёла арақ оварда, нанӯшонад. Аксаран пагоҳирӯзӣ дар хона арақ намемонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо