Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ба узбекӣ тарҷума карданд, Ҳомидӣ пурсидааст, ки ин қадар корро кай ва дар куҷо кард.
– Шабохун задем-дия! – гуфта ҷавоб додаанд. Ҳомидӣ мегуфтанд, ки коғазу дафтару қаламу шеърҳояшон дар таки паси кӯрпаҳои чидашудагӣ меистод. Агар коғазе лозим шавад, аз болои кӯрпаҳо ҳам шуда, аз ток базӯр ёфта мегирифтанд. Дар ҳамин шароит кор ва эҷод мекард, шоири бечора Васфӣ! Ман ҳайронам, ки он қадар шеъру достонҳо, он қадар тарҷума ва мақолаҳоро чӣ тавр навишта бошанд.
Дар шаробнӯшӣ шарики бисёр наздики Васфӣ – раҳматӣ Муинзода буданд. Боре, ману Юсуфҷон Ҳамдаму Ҳомидӣ дар ҳавлии Васфӣ меҳмон будем. Хуб хӯрдем, нӯшидем, баъд қарор додем, ки ба дидани Муинзода, ба Чилонзор (яке аз маҳаллаҳои нави Тошканд) меравем. Ба кӯча баромадем, Юсуфҷон як таксиро дошт, савор шуда ба Чилонзор рафтем, ки квартираи Муинзода дар он ҷо буд. Дар роҳ, дар назди мағозае Васфӣ мошинаро боздоштанд ва фуромада, як шиша арақ гирифта баромаданд. Мо он касро маломат кардем, ки ин корро бедарак карданд. Зеро ки дар меҳмонӣ хуб нӯшидем, хӯрдем, акнун ба назди Муинзода рафта, ҳолпурсӣ мекунему бармегардем. Вақт хеле гузаштагӣ буд, ман дар шаҳр кор доштам. Васфӣ далел меовард, ки ба хонаи устод бе арақ рафтан хуб не. Хуллас ки рафтем, дар қабати савум квартира доштаанд. Моро худашон ва оилаашон хуш қабул карда, хурсандона пешвоз гирифтанд. Нишастем, омин гуфтем, аҳволпурсӣ кардем. Баъд Муинзода ба занашон фармон доданд, ки ош пазад. Асбоби ош муҳайё аст, гуфт занашон. Мо ҳарчанд манъ кардем, нашуд. Занҳо ба ошхона рафта, ба ошпазӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо