Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Муҳаммадҷон Васфӣ - шоир, журналист, шахси хеле хуб ва бофаҳм буд. Падараш дар Ғиждувон амлокдор буд, падари ман қозӣ, бинобар он мо бо ҳам аз хурдӣ, ҳанӯз аз солҳои 1918 шинос будем. Пас аз инқилоб (падараш ба Афғонистон ҳиҷрат карда буд) бо модар ва хоҳаронаш бо машаққат зиндагӣ мекард. Мо чанд гоҳ аз ҳамдигар ҷудо будем. Баъд, вақто ки ман аз Самарқанд, аз хондани мактаби олӣ мосиво шуда ба Бухоро баргаштам, Васфӣ дар идораи рӯзномаи Бухоро ходими адабӣ шуда кор мекард. Азбаски истеъдоди хуби шоирӣ ва забондонӣ (ҳам узбекӣ ва ҳам тоҷикӣ) дошт, дар идора ҳама ӯро ҳурмат мекарданд. Пас аз ташкил шудан ва ба нашр сар кардани рӯзномаи «Ҳақиқати ӯзбекистон» ба забони тоҷикӣ, Васфиро ба Тошканд ҷеғ зада бурданд ва дар идораи рӯзнома вазифаи ходими адабиро ба ӯ супориданд. Васфӣ бо зану бачаҳояш (ду духтар) дар Тошканд ба ҳавлии иҷора менишаст ва ҳар рӯз аз шаҳри кӯҳна ба шаҳри нав, ба идора мерафт. Хусусияти аҷоиби Васфӣ дар ин ҷо буд, ки вай шеърро зуд ва равон мегуфт. Дар тӯе бо он кас будам, нӯшидем, хӯрдем, Васфӣ дар худи ҳамон тӯй, ба шаъни келину домод шеъре гуфтанд, ки ман шоҳиди навишта шудани он шеър шудам. Васфӣ вақтҳои охир бисёр менӯшиданд, қаландармашраб буданд. Ба сару либоси худ аҳамият намедоданд, ринд набуданд. Он кас то ба охири умрашон бой, серпул ва осудаҳол набуданд. Ба қадри ҳол зиндагӣ мекарданд, парвои олам надоштанд. Дар хона шароити корӣ – мебел, стол ва устул надоштанд. Корҳо заминакӣ буд. Занашон инҷиқ ва серноз буд. Масалан гӯшти магазинро намехӯрд, гӯшти дасткуш ёфта биёред, мегуфт. Ба Васфӣ шароити кор муҳайё карда намедод. Вақто ки Васфӣ китоби «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и маро

пешина
аз 339
навбатӣ