Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
қатишав, донишманд буданд. Лекин соддагиҳо ҳам доштанд. То ба солҳои охири ҳаёташон дар ҳамон ҳавлии куҳна, ки ҳеҷ шароити мувофиқ надошт (ҳаммом, оби гарму хунук ва ҳоқазо) истиқомат карданд. Ниҳоят касе ба ҳолашон тарахҳум карда, аз хонаҳои навсохт квартира доданд. Ба он ҷо кӯчида дер зиндагӣ накарданд. Нохост хабар омад, ки вафот кардаанд. Бале, ин хабарро ба ман Яҳҷон ба Душанбе омада расонид. Гуфт ки худаш ба сари кор истода, ҷанозаи он касро нағз обрӯй кардааст ва дар ҷои корашон митинг карда, дар Дӯрман ба хок супурдааст.
Вақте ки Яҳҷон, рафиқи ҷавонии ман, писари Ҳоҷигадои бухороӣ, ки ҳавлиашон аз ҳавлии мо чандон дур набуд, охирин бор ба Душанбе омад, аҳволаш хуб набуд, фишори хунаш хеле баланд буд. Ош кардем, дуруст нахӯрд, май таклиф кардам, рад кард. Бечора аз ҳамин ҷо рафта вафот кардааст. Шод бод арвоҳи покаш, ҷояш ҷаннат бошад!
Яҳҷон бо ман дар Дорулмуаллимин мехонд. Хеле бафаҳм, ҳушёр ва пешқадам буд. Дар синф мо ба ҳам мусобиқа доштем. Яҳҷон то ба охир бо ман дар дорулмуаллимин наистод, ба Тошканд рафт, журналист шуд. Вай ҳанӯз дар вақти дар Бухоро буданаш бо мақола ва фелетонҳояш машҳур шуда буд. Ҳамроҳи Комил Алиев ном журналист ва фелетоннависи машҳури узбек кор мекард. Баъд дар «Узтаг» (агентии ахбороти Узбекистон) тарҷумонӣ кард, мудири шӯъба буд. То ба охири умраш дар ҳамон як ҷо - дар «Узтаг» кор кард. Аз худ шогирдони бисёре расонид. Дар Тошканд ҳавлии хубе дорад. Ҳоло завҷааш - Саодатҷон дар қайди ҳаёт аст, ба гумон бо духтару писараш зиндагӣ дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо