Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ибӣ, ибӣ, дафъ дафъ! — гуфт Маъсумахон. — Ман девона нашудаам, ки ба ин хасиси мурдани расам.

Ана ҳамин тавр занӯбии мову зангирии Икромҳоҷа ба охир расид. Маъсумахон дигар шавҳар накарданд. Духтару писарҳояшон калон шуданд, зандору шавҳардор гаштанд ва ҳоло ҳам бад зиндагӣ намекунанд.

Икромҳоҷа бошанд, як зани фақирак ва номуродакро ёфта гирифтанд. Аз вай як писар шуд (Шурик). Лекин ҷӯраи бечораам, ки силкасал буд, ба писараш зан надода, вафот кард, дар бечорагӣ ва камбизоатӣ вафот кард. Мо ҷӯраҳо пул ҷамъ карда гӯрондем. Арвоҳашон шод бод!


Дигар як рафиқ ва ҷӯраи ман Ҳаким Ҳомидӣ буд. Ин кас писари қозии Ҳомидхоҷа буда, падарашон бо падари ман ошноӣ ва рафтуомад дошт, бинобар он мо ҳамдигарро аз ҷавонӣ, аз мактаб хонда гаштани худ мешиносем. Ҳамроҳ дар дорулмуаллимини Бухоро мехондем. Баъд ба Самарқанд ба аввалин мактаби олии педагогиИ Ӯзбекистон рафта хондем. Ман ба Тоҷикистон омадам, Ҳаким Ҳомидӣ ба Тошканд рафтанд. Дар Тошканд, дар институти педагогӣ дарс медоданд. Зану бача карданд. Дар шаҳри кӯҳнаи Тошканд, дар як ҳавлӣ ду хонаро иҷора гирифта, меистоданд. Аммо меҳмонпарвар буданд. Дар ҳар бор ба Тошканд рафтанам, албатта ба хонаашон таклиф мекарданд. Бо ҷӯраҳои дар Тошканд будаи ман, бо Муҳаммадҷон Васфӣ, Яҳё Юлдошев, Юсуфҷон Ҳамдам баринҳо дӯстӣ ва рафоқат доштанд. Ба воситаи Васфӣ ва дигарон ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози Тоҷик» ном гирифтааст) иштирок карда меистоданд. Ӯзбекӣ дарс диҳанд ҳам, хайрхоҳ ва тарафдори Тоҷикистон буданд. Худашон одами хеле ва хеле мулоимфеъл, хушсаризабон,

пешина
аз 339
навбатӣ