Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

касро ҳурмат мекарданд. Лекин он кас муҷаррад буданд ва талабгори як зани ба худ муносиб буданд.

Иттифоқо дар охирҳои тобистон Маъсумахон (духтари холаи мо, ки дар Тошканд зиндагӣ мекунаду аз шавҳари ҳабсшударафтаи худ се фарзанд дорад) ба Душанбе омад. Саодат ӯро ташвиқ кард, ки ба Икромҳоҷа ба шавҳар барояд. Маъсумахон аввал не гуфт, аммо баъд бо ташвиқи мо розӣ шуда гуфт, ки хайр, аввал ҳеҷ гап нозада, бо он кас шинос кунетон, мебинам, санҷам, баъд ягон гап мешавад. Мо ба ин розӣ шудем. Ба Икромҳоҷа гуфтем, ки мо имрӯз ба хонаи шумо меравем, бо худ як зани хушрӯйро мебарем. Агар ситораҳоятон ба ҳам мос афтод, баъд оид ба хостгорӣ сухан мекунем. Икромҳоҷа бо мамнуният қабул карданд. Як рӯз ману Саодату Маъсумахон ба хонаи Икромҳоҷа рафтем. Хайр, хурсандона пешвоз гирифта, қабул карданд. Нишастем, на чой, на нон, на дигар чиз! Мо мусофир-дия гуфтанд, асбобу чизу чора надорем, мебахшетон, зиёфат дар ресторан!

Пас аз камтар сӯҳбат, Маъсумахон папирос кашиданӣ шуд, киса ва сумкаҳояшро кофт, аммо кутии папиросро наёфт. Ман аз Икромҳоҷа пурсидам, ки папирос доранд, ё не. Он кас аз ҷо бархоста, аз куҷое калиди шкафро ёфта, онро кушода як қуттӣ «Казбек»-ро ёфтанду як дона папирос гирифта ба Маъсумахон доданд ва як дона худашон ба лаб гузошта, кутии папиросро боз ба шкаф гузошта қулф карданд. Маъсумахон гапе назада, аз гӯгирди даргирондаи он кас папиросро дуд кунонду аз ҷо бархост.

— Мебахшетон, — гуфт, — ман ба Аслихон (Бурҳонов, ки додараш аст) ваъда дода будам, ки дар соати се вомехӯрем. Дар ин ҷо гап зада монда, вақтро аз даст додем...

Бо ҳамин аз хонаи Икромҳоҷа баромада, ба кӯча қадам гузоштем:

пешина
аз 339
навбатӣ