Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
— Ин тавр бошад, бисёр хуб.
Русалка танҳо омад, хоҳараш ваъда додааст, ки пагоҳ меояд. Ман Русалкаро дида ҳайрон шудам. Бо ҳамин талъати зебо, бо ҳамин латофат ва хушрӯй, бо ҳамин шӯхӣ ва таннозӣ, афсӯс ки ахлоқи накӯ надоштааст. Агар ҳамин тавр намешуд, ба рафиқам Икромҳоҷа ҳамсари мувофиқе мебуд.
Ман ба ҳамин хел духтарҳо ҳайронам. Мехоҳанд, ки умри ҷавонии худро фақат бо айшу ишрат, бо ҷӯрабозӣ гузаронанд. Ҳар рӯз як ёр ёбанд, ҳар шаб дар канори каси дигаре бошанд, тани худро ба молу чизу зебу зиннат фурӯшанд... Намехоҳанд ки шавҳаре дошта бошанд, фарзанд кунанд, оилаи хушбахтона барпо кунанд. Гумон мекунанд, ки ҷавонӣ, зебоӣ ва тароват доимист, ниҳоят надорад. Фардо ки синну сол гузашт, фардо ки «ошиқонашон» аз онҳо даст кашиданд, фардо ки танҳо монданд, пушаймонӣ суд надорад. Хайрият ки Русалка Икромҳоҷаро фириб надода, рӯйрост гуфтааст, ки вай зани як кас шуда гаштанро намехоҳад. Агар ба он кас расида, баъд хиёнат мекард, ҳоли ҷӯраам хароб буд.
Хуб, ҳамон бегоҳ бо оши палав камтар май нӯшида, сӯҳбат кардем, хурсандиҳо кардем, ба рафиқам Икромҳоҷа ташаккур ва раҳматҳо гуфтам.
Рӯзи дигар ба кор рафтам ва дар ошхонаи сари роҳ, ки дар булвари Абрамов буд, пиво нӯшида, ош хӯрда, то бегоҳ бардам будам. Ҳамин тавр як ҳафта, даҳ рӯз меҳмони Икромҳоҷа гашта, маҷалларо аз чоп бароварда, ба Душанбе баргаштам.
Икромҳоҷа ба ваъда вафо карда, тобистони ҳамон сол ба Душанбе омаданд ва дар институти педагогӣ муаллим шуданд. Институт ба он кас аз бинои асосӣ як хонаи калон дод. Ҷӯраам дар байни муаллимон обрӯй доштанд, он

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо