Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

материалҳои фиристодаи моро ба матбаа додаанд, ё не. Баъд, боз меоям ва пагоҳ аввали рӯз ба матбаа меравам.

Дар нашриёт гуфтанд, ки ҳамаи мақолаю хабару ҳикояҳо чида шудагӣ, матбаа ба омадани ман мунтазир аст. Аз ин хабар хурсанд шуда, ба матбаа рафтам ва бо метрампаж (оне ки саҳифаҳои маҷалларо мебандонад) гуфтушунид кардам. Вай гуфт, ки пагоҳ биёед, саҳифаҳоро мебандонем. Метрампаж одами худӣ, шахси босавод ва донишманд буд. Аз ин ҷиҳат хотирҷамъ шуда ба ҳавлӣ баргаштам, ки Икромхоҷа дар тардуди оши палав шудаанд.

— Як духтари хушрӯи рус дорам, — гуфтанд он кас, сабзиро пора карда истода. — Номашро «русалка» мондаам. Ҳозир омаданӣ, иҷозат медиҳед?

— Марҳамат, хона хонаи шумо, ҳар киро ки хоҳед, таклиф кардан гиред.

— Русалка духтари хеле дилбар аст, ман ба ғайр аз вай касеро нагуфтаам. Мумкин аст бо хоҳараш биёед. Ҳамроҳ ош хӯрда, сӯҳбати ширин мекунем. Ман Русалкаро дӯст медорам, мехоҳам, ки ба вай хонадор шавам, лекин вай камтар почапарешон аст, бо як мард қаноат намекунад. Ҳамин қадар насиҳат мекунам, ваъда медиҳам, қабул намекунад. Ман мегӯяд, маҳбуба шуда гаштанро дӯст медорам.

— Хайр чӣ, ба шумо маҳбуба шавад, бас-дия!

— Безанӣ ба ҷон расид.

— Ба Душанбе биёед, якто зани барно ёфта медиҳем, хушбахт мешавед!

— Худам ҳам дар ҳамин ният ҳастам. Дарсҳо тамом шавад, албатта ба Душанбе рафта, ба кор медароям. Бо рафиқон гуфтушунид кардам, ба ман аз институти педагогӣ кор ва хона додани шуданд.

пешина
аз 339
навбатӣ