Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (бобои маҷаллаи «Садои Шарқ») котиби масъул шуда кор мекардам. Дар Душанбе матбаа хеле суст буд ва аз ӯҳдаи то ба анҷуман чоп карда баровадани маҷалларо надошт. Бинобар ин қарор додем, ки шумораи ба анҷуман бахшидашудаи маҷалларо дар Самарқанд барорем. Дар ин бора бо шӯъбаи дар Самарқанд будаи нашриёти давлатӣ гапзанон кардем, онҳо розӣ шуданд, ки ба мо ёрӣ дода, маҷалларо чоп карда диҳанд. Бинобар он идораи маҷалла маро ба Самарқанд фиристод.

Ман дар соати даҳ-ёздаҳи рӯзи баҳорон ба Самарқанд расида, аз меҳмонхона ҷо гирифтам. Ҳавои Самарқанд масткунанда буд. Ман аз омаданам хурсанд будам. Чизҳоро дар утоқи меҳмонхона монда ба кӯча баромадам. Иттифоқо дар кӯчаи Ленин, ки кӯчаи калон ва кӯчаи ободи шаҳри нави Самарқанд буд, Икромҳоҷаро дида мондам. Он кас маро дида хурсанд шуду ҳолу аҳвол ва ба куҷо фуромаданам ва бо чӣ мақсад омаданамро пурсид. Ман гуфта додам. Икромҳоҷа гуфт, ки «ман дар қарибии Гӯри Мир як ҳавлӣ дорам, дурусттараш, ҳавлии беруни касеро иҷора гирифтаам. Хонаам бад не. Ҳозир чизҳоятонро гирифта, ба хонаи ман меравем, дар ҳамон ҷо истиқомат мекунед!» Ман ҳарчанд узр гуфта нарафтани шудам, лекин Икромҳоҷа ба ҳолу ҷони ман намонд. Бо ҷаҷаҳои худ аз дастам гирифта ба сӯи меҳмонхона кашид. Лоҷарам, бо меҳмонхона ҳисобро баробар карда, чизҳоро гирифта баромадем ва ба ҳавлии Икромҳоҷа рафтем. Ҳавлӣ як меҳмонхона, айвон ва рӯи суфа дошт. Икромҳоҷа ҷою дастархон муҳайё карданд. Ҳар чӣ ки аз хӯрданӣ ва ширинӣ буд, ба дастархон гузоштанд. Пас, қарор додем, ки ман ба идораи нашриёт, ки аз ҳавлӣ чандон дур набуд, рафта ба Самарқанд омаданамро маълум мекунам ва мефаҳмам, ки

пешина
аз 339
навбатӣ