Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ДӮСТОНИ НАЗДИКИ БУХОРИИ МАН

Яке аз дӯстони наздик ва меҳрубони бухории ман Икромхоҷаев буд. Падару модар ва хешутабори ӯро ман дуруст намедонам, ё ки фаромӯш кардаам. Вақто ки дар Бухоро ман бо вай шинос шудам, муаллим буд ва ба воситаи як рафиқи ҳамсинфи худ, бо вай ошно шуда будам. Вай шахси меҳрубон, ватанпарвар (Бухороро хеле дӯст медошт), хушсаризабон ва одами қатишавад буд. Як ҷиян дошт, ки ҷавони пухта, корчаллон ва шайтон буд. Икромхоҷаевро аксаран бо вай медидам. Ин дӯстии моро баъдтар Исмоил Садрӣ мустаҳкамтар кард. Икромхоҷаев азбаски дар кӯдакӣ чӣ касале шуда, дастонаш аз оринҷ поён наёзида мондаанд. Нисбат ба танаш, дастонаш хеле хурд буданд; бинобар он ба ӯ «Икромхоҷаи ча-ча» лақаб дода буданд. Аҷоиби кор дар ин буд, ки вай дар аснои сухан кардан бештар «ча-ча»-ҳои худро ҳаракат дода, нишон дода гап мезад. «Ча-ча»-ҳо хурд бошанд ҳам коргар буданд. Гоҳо бо ин «ча-ча»-ҳо таҳдид карда ҳам мемонданд: - Як мезанам, ки...

Вақто ки ман бо эшон шинос шудам, зан надоштанд, лекин муштоқи зан буданд, занбозиро дӯст медоштанд. Намедонам, фаромӯш кардаам, ки дар куҷо таҳсили олӣ гирифта, дар куҷо хонданд. Зеро ки дар соли 1930 мо ба Душанбе кӯчида омадем ва муносибати мо канда шуд. Аз дигарбор муносибати мо дар баҳори соли 1934 дар Самарқанд барқарор гардид.

Дар баҳори соли 1934 анҷумани якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барпо гардид. Чанд гоҳ пеш аз анҷуман корҳои тайёрӣ давом кард. Он вақт ман дар идораи

пешина
аз 339
навбатӣ