Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

лаб нон зор шуда мегаштам.

Дар ҳамин вақт, дар ҳамин айёми тангӣ, худораҳматӣ Ефим Исоевич Мителман, ки саррежиссёри театри ба номи Лоҳутӣ буд, ба ман дасти мадад дароз кард ва маро ба театр бурда, мудири қисми адабӣ таъйин намуд ва маслиҳат дод, ки пьеса нависам. Барои ёрии ман аз Тошканд — Файқоро – драматурги намоёни русро, ки аз Москва муҳоҷир шуда омада буд, ҷеғ зада овард. Ман дар муддати ду-се моҳ бо ёрии Файқо пьесаи «Дили модар»-ро навиштам ва дар соли 1942 онро ба саҳна гузоштанд. Пас ҳамроҳи Файқо пьесаи дуюмини худ «Хонаи Нодир»-ро навиштам, ки онро ҳам дар соли 1944 ба саҳна гузоштанд. Бо ҳамин ману оилаам осуда шудем, қомати худро боло бардоштем.

Рӯзе дар театр будам, ки маро ба телефон ҷеғ заданд. Рафта гӯш кардам, ки Бобоҷон Ғафуров гап мезанад. Ба ман меҳрубониҳо карда гуфт, ки имшаб дар соати ҳашти бегоҳ ба СеКа биёям. Он вақт Ғафуров котиби якуми Коммунистии Тоҷикистон шуда буд. Ман ҳайрон шудам, ки чӣ гап бошад. Бегоҳӣ ба СеКа рафтам. Маро зуд ба назди Ғафуров роҳ доданд. Ғафуров пас аз ҳолу аҳволпурсӣ гуфт:
– Ана, ҷанг ҳам ба охир расида истодааст, биёед, мо ҳам дӯстии худро барқарор мекунем?
– Ман бо шумо ҳеҷ гоҳ дар ҳолати душманӣ набудам! – гуфтам.
– Ҳар чӣ ки буд, гузашт! – гуфт Ғафуров. – Дар ҳаёт ҳамин хел нофаҳмиҳо ҳам мешавад. Хайрият ки кас зуд сарфаҳм меравад. Хайр, аҳволатон чӣ тавр? Зисту зиндагонӣ?
– Хуб не, - гуфтам. – Дарди сил оҳиста-оҳиста кори худро карда истодааст. Бо маслиҳати духтурҳо ба шӯрои вазирон муроҷиат кардам, ки ба ман каме равғани маска,

пешина
аз 339
навбатӣ