Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Неъматуллоев ҳам розӣ шуд, ки маро ба кор гирад, муҳаррири арабӣ таъйин кунад. Лекин пас аз ду рӯз омаданамро хост. Пас аз ду рӯз омадам. Неъматуллоев ҳам тамоми дигар шуда буд: - Мебахшед, мо шуморо ба кор қабул карда наметавонем, штат надорем!
- Во аҷабо! - гуфтам ба худам. - Ин чӣ сирру асрор бо- шад?!
Сирру асрорашро ман баъдтар фаҳмидам: Як вақтҳо ман бо Бобоҷон Ғафуров хеле наздик ва дӯст будам. Он вақтҳо Ғафуров дар шӯъбаи пропагандаи СеКа кор ме- кард. Ҷавон буд, бағайрат буд. Ин ошноии мо ҳанӯз аз вақти дар институти журналистии Москв хонда гаштани вай сар шуда буд. Ман бо корҳои эҷодӣ ба Ленинобод би- сёр мерафтам. Дар Ленинобод Раҳим Ҷалил дар идораи рӯзнома кор мекард. Ғафуров ҳам тобистонҳо ба таътил омада дар рӯзнома муваққатан кор мекард. Ана, дар ҳамин рӯзнома ман ӯро медидам ва шинос шуда будам. Баъд Ғафуров дар комитети марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон кор карда калон шуд. Ба гумон, ба гирду ат- рофи худ Абдуғанӣ Мирзоев, Неъматуллоев, Набиҷон Почҷоҷонов, Самад Ғанӣ барин одамонро ҷамъ карда, аз ҳамонҳо дар бораи ман суханҳои бад шунидааст, ки нисбат ба ман пӯстини худро чаппа пӯшид. На ин ки саломи ма- ро алейк намегуфт, балки сояамро аз девор тарошида ме- партофт. Инак, Фузайлов маро ба кор қабул карандӣ шуда ба маслиҳати Ғафуров меравад, вай албатта не мегӯяд. Неъматуллоев ҳам аз Ғафуров маслиҳат пурсида, ҷавоби «не» мегирад ва ман бекор мемонам. Ба гумони ман Абдуғанӣ Мирзоев нисбат ба ман бештар шикоят карда, номи маро, худи маро ба Ғафуров бад кардааст. Бобоҷон Ғафуров бошад, ба гапи ҷосусони худ бовар карда ба ман муқобил шудааст. Аммо ман аз ин гапҳо бехабар, ба як

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо