Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҳама маводи хӯрока «карточка» — «заборний» барои орд, равған, қанд ва дигар чизҳоро бо «карточка» мегирифтем. Акашариф Ҷӯраев (ҳофизи халқӣ), ки ҳамсояи мо буд ва ҳар вақт аз Гарму Қаротегин озуқавориҳои бисёре (орд, нонҳои равғанӣ, гӯшт, равған, мавиз, қанд ва ҳоказо) мегирифт, ба чизҳои андаки «заборний» эҳтиёҷ надошт, бинобар он карточкаҳои худро ба мо медод. Саодат ба он карточкаҳо орд, хокаи тухм, колбаса, собун, равған ва дигар чизҳо гирифта, баъзеи онҳоро (колбаса) бурда мефурӯхт, ба ҷояш аз бозор баъзе маводи тозимаро харида меовард. Ба иловаи ин бо бачаҳо ва модараш шаби дароз самбӯсапазӣ мекард, самбӯсаҳои нахӯдин, картошкагин ва аввали рӯз бо Замира ба сохтмони стансияи электрикии Варзоб, ки ҳоло ба даруни шаҳр мондааст ва он вақт аз заминҳои корам гузашта рафтан лозим буд, мебурд, ба коргарон фурӯхта меомад. Дар бозгашт аз заминҳои корам сабзӣ, картошка барин чизҳо ёфт шавад, гирифта меовард ва бо ҳамин рӯзгор мекашид, зани бечора!

Ман бекор, бе даромад, ба дасти зан мӯҳтоҷ!

Боре ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» рафтам, ки ба ман ягон кор диҳанд. Муҳаррири он Фузайлов ном яҳудӣ буд. Вай ба таклифи ман хурсанд шуду гуфт, ки:

— Аз пагоҳ биёед, ман шуморо мудири шӯъбаи адабӣ таъйин мекунам.

Ман хурсанд шудам. Пагоҳ омадам, ки вазъи Фузайлов тағйир ёфтааст. Ба ман узр гуфт:

— Аз мо ин штатро буридаанд, мо шуморо ба кор гирифта наметавонем.

Хуб, чӣ илоҷ! Не, бошад, не-дия! Малӯл шуда рафта истода будам, ки касе маслиҳат дод: ба нашриёти давлатӣ, ки директораш Неъматуллоев буд, муроҷиат кунам. Рафтам.

пешина
аз 339
навбатӣ