Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҳар ҷо ки порча замине ёбанд, картошка, сабзӣ, пиёз мекориданд. Ман ҳам дар назди филиали академия ба порча замине киштукор кардам. Вале бо ин қаноат накардам. Бо ташвиқи модари Фазлиддин Шаҳобов, ки дар маҳаллаи Сари Осиё (кӯчаи Озодии Занон) ҳавлӣ дошт, мо ҳам кӯчида ба онҳо ҳамсоя шудем (ними ҳавлиро мо харидем). Кӯрпаҳоро канда, читу сатин карда, фурӯхта, ҳамаи захираҳоро дода ҳавлӣ харидем. Аҷаб аҳмақӣ! Аҷаб нодонӣ! Мақсад ҳамин ки бо холапошшо ҳамсоя бошам ва аз замин истифода бурда чиз корем, то ки гурусна намонем.
Аммо гуруснагӣ ва қаҳтӣ сар шуд. Дар бозорҳо чизе набуд. Аз Русия ва дигар ҷоҳо мардуми бисёре гуреза шуда омада буданд. Ба онҳо ҳар чӣ диҳанд гирифта мехӯрданд. Як рӯз дар бозор шунидам, ки деҳқоне ба хари як чувол турб бор карда овард. Ҳанӯз вай ба ягон ҷо наистода, борашро нафуроварда, аз паси хараш навбат (очеред) қатор шуд. Ҳама «витамин, витамин» мегуфтанд. Худо нишон надиҳад!
Ман бекор будам. Аз ягон ҷо даромаде надоштам. Асарамро чоп намекарданд. Боре «Хандаи пас аз гиря» ном ҳикояе навиштам, чоп шуд. Боз чизҳои ба ҷанг оид менавиштам, майда-майда чоп мешуд. Аммо ҳаққи қалам ночиз буд. Шӯрои вазирон дар боғи ҳукуматӣ, ки дар миёнаи кӯчаи Ленин буд, ошхонаи умумӣ дошт. Ба он ошхона артистон ва олимонро вобаста карда монда буданд, аммо нависандагон аз он маҳрум! Ман маҷбур шудам, ки ба раиси Шӯрои вазирон – Қурбоналӣ Қурбонов муроҷиат кунам. Ба вай гуфтам, ки як худи ман не, ҳамаи нависандагонро ба он ошхона вобаста кардан лозим. Қурбонов фармон дод ва мо ҳар рӯз зарф бурда, аз ошхона шӯрбои обакӣ, гоҳо катлет ва «каша» мегирифтем. Ба ҳамин ҳам шукр мекардем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо