Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Юсуфиро ба аскарӣ гирифта, ба Рязан бурда, ба кадом курси ҳарбӣ дохил кардаанд. Юсуфии шоир дар ҳамон ҷо ҳам ба шеърнависӣ машғул будааст. Боре фармондеҳи курс ӯро дар айни шеърнависӣ дида пурсидааст, ки чӣ менависӣ. Шеър менависам, гуфтааст Юсуфӣ. Ту шоир ҳастӣ магар? — боз пурсидааст фармондеҳ. Юсуфӣ бале гуфтааст. Фармондеҳ ҳайрон шуда пурсидааст, ки магар дар Тоҷикистон шоирҳо ҳамон қадар бисёр, ки туи шоирро ба аскарӣ додаанд? Ин хуб не. Ба ҷои қорат навис, ки расман ба мо мактуб фиристанд, туро озод мекунем, ба ватанат рафта шеъратро навиштан гир!
Мо рӯзе аз Юсуфӣ мактуб гирифтем ва ману Николай Николаевич Ершов (ки ҳамроҳи Юсуфӣ кор мекард) ба назди Ниёзмуҳаммадов даромадем ва хоҳиш кардем, ки як мактуби расмӣ навишта, озод карда шудани Юсуфиро талаб кунанд. Ба ин хоҳиши мо Ниёзмуҳаммадов гуфт:
— Э, Икромӣ, шумо ором ва хап намегардед? Худатон-ку дар қарибӣ аз ҳабс озод шудед? Равед, ба ин корҳои «сиёсӣ» дахл накунед! Юсуфӣ бояд хизмати Ватанро кунад!
Афсӯс, сад афсӯс, ки Ниёзмуҳаммадов нодонӣ карда мактуб нанавишт ва боиси дар ҷанг ҳалок гардидани шоири беҳамтои тоҷик гардид. Агар мактуб менавишт, ки медонад, шояд ҳоло Юсуфӣ дар қайди ҳаёт мешуд ва ба Ватан хизматҳои фаровоне мекард.
Хуб, тақдир ҳамин будааст!
Дар ақибгоҳ рӯзҳои аввали ҷанг он қадар мушкилӣ набошад ҳам, оҳиста-оҳиста аҳвол бад мешуд. Рӯзнома ва маҷаллаҳоро бастанд, рӯзномаҳои марказӣ майда шуда монд. Нашриёт ба ғайр аз китобҳои дарсӣ ва чизҳои оид ба ҷанг, дигар ҳеҷ китобе чоп намекард. Бозорҳо хароб, нону гӯшту шакар камёб шуда монд. Мардуми шаҳр, дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо