Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Идора ба мо, намедонам, ба ҳар калима чанд сӯм ҳақ медид, мо розӣ аз кор ва аз даромадамон будем.

Рӯзи 22-моҳи июни соли 1941, мо дар хонаи Нестеренко кор карда нишаста будем, ки соатҳои сеи рӯз занаш аз берун омада хабар дод, ки ҷанг сар шудааст ва Молотов бо радио сухан мекунад. Мо радиоро мондем, сухани даҳшатбарави Молотовро шунидем, ки фашистони Германия бе эълони ҷанг ба хоки мо ҳуҷум карда, бисёр ҷоҳои сарҳади ғарбӣ ва ҷанубии моро бомбаборон кардаанд. Дасту диламон аз кор монд. Ман давида ба хонаамон, ки дар кӯчаи Орҷоникидзе буд, рафтам. Дар рӯи ҳавлӣ Турсунзода, Миршакар, Ҳабиб Юсуфӣ, Деҳотӣ ва дигарон нишаста, дар хусуси ҷанг ва аҳволи мамлакат сӯҳбат мекарданд. Мегуфтанд ки бояд халқро ба аскарӣ сафарбар кунанд, бояд мардум фидокорона ариза дода ба ҷанг раванд, бояд ин ҷанг ба зудӣ хотима ёбад, бояд душманро зада нобуд кунем ва ҳоказо... Лекин дили ҳама сиёҳ, дили ҳама ғамолуд, дили ҳама пур аз таҳлука буд. Аҳли байти ман бесаранҷом буданд. Он дам Замира нӯҳсола, Ҷонон панҷсола буд. Аммапошшо дуо мекарданд, ки илоҳо ҷанг ба тарафи мо наомада хотима ёбад. Бале, ҷанг ба тарафи мо наомад, лекин мо, халқи бечораи мо ба тарафи ҷанг рафтем. Садҳо, ҳазорҳо ҷавонони тануманди мо ба ҷанг рафта, азбаски ҳеҷ тайёр набуданд (машқ накардагӣ буданд) нобуд шуданд. Ҳар рӯз аз фронт хабарҳои даҳшаттовар мерасид. Фашистон зер карда меомаданд. Белоруссия, Украинаро забт карданд. Ҳавфи ба Маскав наздик шудан буд ва ҳоказо...

Ҳамон рӯзҳое ки ман дар филиали академия кор мекардам, Ҳабиб Юсуфӣ (шоири забардасти мо) ҳам дар он ҷо кор мекард. Ниёзмуҳаммадов (баъдтар академик) дар филиал муовини мудир ва котиби ташкилоти партиявӣ буд.

пешина
аз 339
навбатӣ