Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Акнун, дар бораи он ки ман чӣ тавр шуду ба театри ба номи Лоҳутӣ ба кор даромадам.

Ду моҳ пеш аз сар шудани ҷанги дуюми ҷаҳон, ман аз идораи маҷаллаи «Шарқи Сурх» («Садои Шарқ»-и ҳозира) ариза дода холӣ шудам, ки бо корҳои эҷодӣ машғул шавам. Саломатиам чунон хуб набуд, бисёр кор карда наметавонистам. Ҳам кори эҷодӣ ва ҳам кори идора ба ман зӯрӣ мекард. Замона осудаю тинҷ буд, рӯзгорамон ба хубӣ мегузашт; каму беш ҳаққи қалам, ки аз рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо расида меистод ва моҳонаи Саодат ба мо басанда буд. Ҷавони бепарво ва камандеша ки будам, як рӯзро фикр накарда, пулу давлати захира надошта бошам ҳам, таваккал карда фақат ба кори эҷодӣ гузаштам. Аҷаб соддагӣ! Намедонистам, ки «ноомад» шуданаш мумкин, бепул мондан мумкин ва ғайра ва ҳоказо...

Акнун ки шатта хӯрда, азоб дида, таҷриба ҳосил кардам, дар ин бора, яъне дар бораи ғами «фардо»-ро хӯрдан, дар бораи дурро, ноомади корро андешидан сухан меронам. Он вақтҳо шиорам «ҳарчӣ пеш ояд, хуш ояд!» буд.

Аз идораи маҷаллаи «Шарқи Сурх» озод шуда, ҳанӯз ба ягон кори калон даст назада будам, ки ҷанги хонумонсӯзи дуюмини ҷаҳонӣ сар шуда рафт. Бале, фаромӯш кардам: ман бо Нестеренко ном коргари илмӣ, аз филиали академияи улум, ки ба чоп кардани луғати русӣ-тоҷикӣ тайёрӣ медид, кор гирифта будам. Ҳар рӯз ба идораи филиал (ки ҳоло институти экономика аст) рафта, ё дар хонаи Нестеренко дукаса луғат месохтем. Вай русиро, ман тоҷикиро. Калима ва луғатҳои русиро, ки рӯйихаташро тартиб дода буданд, Нестеренко хонда, ба ман маъноашро мефаҳмонид, ман тоҷикии он калимаро ёфта мемондам.

Хонанда худаш сарфаҳм меравад ва ба хулосаи лозимӣ меояд. Бояд таърих дида, хулоса кунад.

пешина
аз 339
навбатӣ