Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
он кас телефон карда мепурсидам. Устод Раҳимӣ дарҳол он калима ва ё ҷумларо фаҳмонида медоданд. Раҳимӣ муҳаррири шеърҳои «Шашмақом» буданд, бо Фазлиддин Шаҳобов хеле кор карданд.
Шеърҳояшон то якдараҷа мураккаб, ба ҳар хонанда фаҳмо набуд. Бинобар он он касро хеле танқид мекарданд. Боре, кадом достони он касро рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» чоп кардааст. Ин достони мураккаб ва мушкилфаҳм ба рафиқон чандон маъқул нашуд ва дар Иттифоқи нависандагон муҳокимааш карданд. Аввал Мирзо Турсунзода, баъд Улуғзода, сони Миршакар баромад карда нофаҳмо, мубҳам ва мураккаб будани достонро гуфтанд. Навбат ба Деҳотӣ омада буд, ки Раҳимӣ аз ҷои нишасти худ партофта монданд:
– Ту ҳам ёде бикун аз ман!
Мо ҳама хандидем. Зеро ки ин лутфи бисёр аҷоиб буд. Ҳама медонистанд, ки Деҳотӣ шеъре дорад, ки тарҷеъбанди он шеър «Ту ҳам ёде бикун аз ман» аст. Деҳотӣ сухани Раҳимиро шунида ба ҷояш нишаст ва хомӯш монд.
Боре Соҳиб Табаров он касро танқид мекунад. Ба ҷавоб мегӯянд: он чӣ ки бо перо навишта мешавад, бо табар бурида намегардад (То что пишишь пером, не вырубишь топором). Ана ҳамин тавр ҳозирҷавоб ва лутфгӯ буданд Муҳаммадҷон Раҳимӣ.
Афсӯс ки ин кас ҳам нобаҳангом вафот карданд ва мо дӯстонашонро ба ҳасрат ва надомат гузоштанд.
6 Ин боби саргузашти падарам Ҷалол Икромӣ бо ҳамин сатрҳо ба анҷом мерасад. Ман чанд бор онро хонда баромадам. Хостам, ки баъзе ҷойҳои сахту пурҳаяҷони онро камтар дигар кунам, аммо дастам ларзид, ба ин сатрҳои пурмашаққат ва мудҳиши солҳои 1937-1938 даст задан мумкин нест. Онҳоро нависанда бо хуни дилаш навиштааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо