Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҷой! Дар қарибии бинои ҳозираи Иттифоқи нависандагон, дар сари кӯча як будкаи партофташудаи электрик будааст, ки Раҳимӣ дар он қати симини худро гузошта зиндагӣ мекардааст. Лекин баъд, дар солҳои си хона мегирад, додараш аз Бухоро расида омада дар «Главлит» ба кор медарояд ва ҳар ду бародар, ки зан надоштанд, дар он хона истиқомат мекунанд. Муҳаммадҷон аз идораи молия ба нашриёт мегузарад, муҳаррир мешавад, ба газетаю маҷаллаҳо шеър навишта чоп мекунад ва оҳиста-оҳиста машҳур мегардад.
Раҳимӣ одами аҷоиб, бо феълу хӯйи махсус, як дараҷа қаландармашраб, хоксор, вале донишманд буд. Донишманди забон, донишманди шеър ва услуб, донишманди адабиёт буд. Танҳо зиндагӣ мекард. Додараш ба ҷанг рафта бознагашт. Худи Раҳимӣ дар солҳои гирифтугири 1937, дар як шаб ғоиб шуда рафт. Баъд ки фаҳмем, аз тарси ҳабс шудан гурехта, ба як ноҳияи Ленинград рафта, дар хонаи Козлова ном коргарзане истиқомат мекунад. Баъд он занро ба никоҳи худ медарояд ва аз вай як писар мешавад, ки ҳоло Козлов ном дорад ва дар куҷое кор мекунад. Пас аз ба Душанбе баргаштани Раҳимӣ, занаш бо писараш меояд, чанд гоҳ ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд, лекин баъд Раҳимӣ онҳоро тарк мекунад.
Раҳимӣ одати аҷиб доштанд: дар як хона, дар як квартира бисёр иқомат намекарданд. Дар умри кӯтоҳи худ қариб шаш ҳафт хонаро иваз карданд. Он касро Қаҳҳоров (раиси шӯрои вазирони ҳамонвақта) хеле дӯст медоштанд. Лекин Раҳимӣ, ба гумонам, аз ин муҳаббати калон фоида бурдан намехост, фақат хона иваз мекард.
Ман ҳам Раҳимиро эҳтиром мекардам. Қаландармашрабӣ, дониш ва илми он касро дӯст медоштам. Ҳар вақт ки калимае, ҷумлаеро сарфаҳм наравам ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо