Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Карим барои исботи садоқат ва бегуносии худ довталабона ба ҷанг рафту нобуд шуд. Афсӯс, сад афсӯс!

Яке аз беҳтарин касон, ки мардум аз ӯ наметарсиданд, зеро ки хоксору меҳрубон буд, шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ буд. Ман ин марди наҷибро ҳанӯз дар солҳои 1922, дар Бухорои шариф дида будам. Додари вай дар растаи чинифурӯшӣ дӯкони дарздӯзӣ дошт, дар мошинаи дарздӯзии поякӣ кор мекард. Муҳаммадҷон Раҳимӣ бошад дар идораи молия кор мекарду ризқу рӯзӣ меёфт ва инчунин ҳамон вақтҳо шеър ҳам мегуфт. Мардум шоир будани ӯро эътироф карда буданд. Боре бо як рафиқи аз худ калонтарам аз назди дӯкони дарздӯзӣ мегузаштам, ки рафиқам гуфт:

– Ана ҳамон марди ҷавон, ки дар поёни мошинаи дарздӯзӣ нишаста китоб мехонад, шоир будааст, инро ба ман дадем гуфтанд, вай писари Раҳими қанд будааст.

– Раҳими қандаш кӣ? – гуфта пурсидам. Намедонам гуфт рафиқам.

Кӣ будани Раҳими қандро ман пас аз хондани «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ донистам. Раҳими «қанд» барои он лақаб гирифтааст, ки дар лаълӣ курсу қандалоту қанд гузошта, дар растаҳо фурӯхта мегаштааст ва бо ҳамин ба худаш ва оилааш ризқу рӯзӣ меёфтааст. Устод Айнӣ менависанд, ки Раҳими қанд танбӯрии хубе ҳам будааст. Гӯё, агар вай дар боғ танбӯр навозад, булбул омада ба дастаи танбӯраш менишастааст ва баробари нохун задани Раҳими қанд чаҳ-чаҳ мезадааст.

Инак, писари калонии Раҳими қанди танбӯрӣ – Муҳаммадҷон Раҳимӣ ба адабиёт шуғл намуда, шоир шудааст. Вай дар солҳои 1928-29 ба Душанбе омада, дар идораи молия кор мекунад. Он вақтҳо на хона доштааст, на

пешина
аз 339
навбатӣ