Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

онҳо, ки ба Эрон фиристоданӣ буданд, ба аскарӣ гиранд. Ба комитети ҳарбӣ рафтам. Аз як комиссия гузаштам, лекин комиссияи тиббӣ маро ба диспансери туберкулёзӣ фиристод, ки дар бораи саломатиам санад биёрам. Зеро ки аз байни «дела»-и ҳарбии ман қоғазе ёфт шуд, ки дар бораи силқасал будани ман шаҳодат медод. Пас ба «тубдиспансер» рафтам. Дар он ҷо Мудрих ном профессор буд, ки талаби маро шунида ҳайрон шуд ва гуфт, ки ман ба хизмати ҳарбӣ нораво ҳастам ва дар «поход»-и аввалин афтода мемонам. Бинобар он санади манфӣ дод. Дар «военкомат» ба санад асос карда, ба ман қоғази сафед доданд ва аз аскарӣ тамоман озод карданд. Ман то як дараҷа хафа шудам. Аммо оилаи ман шодмонӣ карданд. Баъд аз ин, азбаски аз кор озод гашта будам ва имконият буд, чанд рӯз ба Тошканду Ленинобод рафтанӣ шудам. Ҳаким илтимос кард, ки дафтарчаи ҳарбии ӯро аз идораи ҳарбии Ленинобод гирифта биёрам. Ман ин супориши ӯро баҷо овардам. Ҳаким бо санади ҳарбӣ ба идораи ҳарбии Душанбе муроҷиат кард ва талаб намуд, ки ӯро ба фронт фиристанд. Ин ҷангиҳо талаби ӯро зуд ба ҷо оварданд. Азбаски ӯ лейтенанти хурд буд, ба худаш пакет дода, ба Тошканд фиристоданд. Аз Тошканд ба фронт рафт, аз фронт ба ман чанд мактуб навишта, баъд ҳалок шуд.

Одамоне буданд, ки чанд гоҳ ба роҳи Ватан ҷон фидо кардани Ҳакимро бовар намекарданд. Мегуфтанд, ки эҳтимол вай ба душман таслим шудагист. Барои ҳамин, аввал ба вай мукофоти комсомолро надоданд. Баъд ки фидокорӣ исбот шуд, баъд ки ҳама фаҳмиданд, ба номи ӯ мукофоти комсомол баромад. Чи тавре ки пайғамбарамон гуфтаанд: «Бадтарини халқ касе аст, ки мардум аз ӯ битарсанд». Бале, бале, бадтарини касон буданд ва мардум аз онҳо метарсиданд. Афсӯс ки яке аз беҳтарин касон - Ҳаким

пешина
аз 339
навбатӣ