Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

танд, ки бар зидди шумо аз КГБ коғаз омад, то шумо рафта, ин масъаларо ҳал накунед, райком шуморо ба партия қабул карда наметавонад. Ман боз хафа ва маъюс шудам. Ба ҷонам расид. Ин мардум аз ман даст мекашанд, ё не?! КГБ мемонад, ки ман зиндагӣ ва кор кунам, ё ҳар қадами маро таъқиб карда мегардад? Ин чӣ гап?! Ин чӣ зиндагӣ?!

Рафтам ба қабули котиби якуми партияи коммунистии Тоҷикистон, ки он вақтҳо Протопопов буд. Вай маро зуд қабул кард. Арз кардам, ки рафиқон маро бо як овоз ба партия қабул карданд, лекин КГБ намемонад. Протопопов гуфт, ки шумо ҳеҷ айбе надоред ва ҳақ доред, ки аъзои партия бошед. Ман ин суханҳоро барои чашми сиёҳи шумо намегӯям! Равед, ҳама корҳоятон дуруст мешавад.

Рӯзи дигар ба райком рафтам, ки аз «дела»-и ман ҳамон коғази КГБ гум шудааст. Бо ҳамин, маро дар миёнаи соли 1944 ба номзадӣ ва дар соли 1945 ба аъзогии ҳақиқии партия қабул карданд ва хотирам осуда шуд.

Ҳаким Карим ба партия ариза надод. Вай ба кори эҷодӣ ва тарҷума машғул шуда гашт. Дар оғози ҷанг вай дар Ленинобод буд. Албатта барои соф будан ва бегуноҳии худро исбот кардан ва барои ба давлат ва партия содиқ будан, яке аз аввалинҳо шуда ба комитети ҳарбӣ рафт ва фидокорона талаб намуд, ки ӯро ба фронт фиристонанд. Аммо дар Ленинобод, ки ӯро медонистанд, ба сафи армия қабул накарданд. Чашмаш дуруст намедид ва умуман вай ба хизмати ҳарбӣ чандон иқтидор надошт. Хуб шудааст, ки талаби ӯро рад кардаанд.

Ҳаким пас аз чанд рӯз ба Душанбе омад. Мо бо ҳам сӯҳбат кардем. Вай хафа буд, ки ӯро ба армия қабул накарданд, ҳатто дафтарчаи ҳарбии ӯро дошта монданд. Он рӯзҳо ман ҳам ба сафи армия рафтан мехостам, ки ба ман даъватнома расид. Ба гумон мехостанд маро дар қатори

пешина
аз 339
навбатӣ