Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳалол! Вай аз хурдӣ ба меҳнат ва эҷод умри худро сарф карда, дар нашриёти давлатии Тоҷикистон — аввал дар шӯъбаи самарқандии он, баъд дар Душанбе кор кардааст.

Солҳои шуми 1937-38 ба сари мардум балоҳо овард. Беҳтарин фарзандони халқи тоҷик (на танҳо халқи тоҷик) ҳабс шуданд, парронда шуданд ва несту нобуд гаштанд. Бинобар он буд, ки ману Ҳаким Карим метарсидем, меваҳмидем, ки мабодо моро боз гашта ҳабс кунанд!

Вақто ки ман ба партияи коммунистӣ аъзо шудам, аз дилам ин тарсу ваҳм хеле дур шуд ва бовар кардам, ки дигар аз ман шубҳа надоранд. Он вақтҳо ман дар театри Лоҳутӣ мудири шӯъбаи адабӣ шуда кор мекардам. Котиби ташкилоти партия Зубков ном марде (мудири шӯъбаи фолклорҷамъкунӣ ва фолклорнависӣ) буд. Бо ман дӯст ва улфат шуда монд ва ҳар рӯз ташвиқ мекард, ки ба партия ариза диҳам. Рафиқони дигар — М.Қосимов, Гулчеҳра Бақоева, Сайид Маҳмудовҳо низ дар ҳамин фикр буданд. Ман ариза додам. Ба ман Зубков ва Гулчеҳра кафолат доданд. Боз як нафар лозим буд. Ба назди Мирзо Турсунзода рафтам. Он вақтҳо вай раиси комитети санъат буд. Ба хоҳиши ман чунин ҷавоб дод:
— Ман партияро аз ҳар чӣ азиз мешуморам, бинобар он ба ту, ки аз ҳабс баромадай, кафолат дода наметавонам!

Ҷӯраи ҷони ман ана ҳамин тавр гуфт.

Ман маъюс шуда ба театр баргаштам. Зубков ба ман тасалло дода гуфт, ки хафа нашавам, вай як рафиқ дорад, ки аз соли 1920 аъзои партия аст, вай кафолат медиҳад. Дар ҳақиқат он шахс, ки дар комитети санъат кор мекард, ба ман кафолат дод ва бо ҳамин дар маҷлиси партияи театр маро ба сафи партия чун номзад қабул карданд. Лекин, пас аз чанд гоҳ маро ба райком чег заданд ва дар шӯъбаи қабули аъзоёни партия «дела»-и маро нишон дода гуфт-.

пешина
аз 339
навбатӣ