Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Асарҳои Чехов, Горкий ва дигаронро бо забони тоҷикӣ моҳирона бармегардонид. Бисёр мехонд ва бо назарияи адабиёт ҳам машғул мешуд... Лекин ҳамеша тарсе дар дил дошт, ки мабодо ӯро боз гашта ҳабс кунанд. Ин тарсу воҳима ба дили ман ҳам буд. Ман ҳам метарсидам, ки ма-бодо маро боз гашта гиранд. Дар ҳар қадам, аз кирдори касон воҳима буд. Касе агар ба саломам дуруст ҷавоб надиҳад, метарсидам, ки чаро вай ба саломи ман алейк на-гуфт. Шояд дар бораи ман гапе шунида ва шубҳае дорад. Боре шодравон Муҳаммадҷон Қосимов, ки одами асабӣ ва пурғазаб буд, дар кӯча, аз наздам гузашта рафта, ба сало-ми ман ҷавобе надод. Ҳамон шаб хобида натавонистам. Чаро Қосимов ба ман ин тавр муомилаи бад кард? Чаро ба саломи ман ҷавоб надода рафт? Шояд вай аз чизе хабар дорад, шояд ба вай гуфтаанд, ки Икромиро боз мегирем ва ҳоказо... Моргазида аз ресмони ало метарсад, мегӯянд, рост аст. Ману Ҳаким Карим ҳамин тавр аз ҳар чиз метар-сидем, аз ҳар муомилаи бади мардум ба диламон ваҳму ҳарос ҷо мешуд. Гӯё ки мо ҷинояткорони ашадӣ бошем, гӯё ки мо гуноҳи афвнопазир карда бошем! Охир ману Ҳаким Карим ба ғайр аз ҷонфидоӣ, ба ғайр аз меҳнати ҳалол ва пок, ба ғайр аз сидқу сафо ба давлат ва партия коре надоштем. Пас чаро метарсидем? Чунки замона ҳамин тавр буд. Басо касоне буданд, басо бегуноҳоне бу-данд, ки пас аз як бор озод шудан ва ду-се моҳ аз ҳавои озодӣ нафас гирифтан, боз ҳабс карда шуданд, боз бадарға гаштанд ва солҳои зиёде дар азоб буданд. Чунончи Раҳим Ҳошим, Ҳаким Қосимов озод гаштанду хушу хуррам зиндагӣ карданд, вале боз ба даст афтоданд, боз ҳабс шу-данд. Қосимов дигар бар нагашт, Раҳим Ҳошим понздаҳ сол азоб кашида омад.

Охир, Р. Ҳошим чӣ гуноҳе дошт, ба ғайр аз меҳнати

пешина
аз 339
навбатӣ