Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дар идораи нашриёти давлатӣ кор мекард. Дар кӯчаи Орҷоникидзе, дар қафои хонаи нависандагон ҳавлие дошт. Баъд аз хонаи нависандагон ҳам як квартира гирифт. Бегоҳӣ дар «клуб» (клуби мо ҳам дар ҳамон хонаи нависандагон, дар қабати дуюм буд. Ду хонаро як карда, номашро клуб монда буданд), шоҳмотбозӣ, билиярдзанӣ карда, то ними шаб машғул мешуд. Баъд ки ҳама хоби­данд, ба хонааш рафта то қариби саҳар кор мекард, тарҷума мекард, ба қавли худаш «қитир-қитир» мекард...

Ҳикояҳояшро аввал ба рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо чоп мекард. Агар ба ягон рӯзнома ҳикояаш чоп шуда бошад, мегуфт ки: «Имрӯз саҳифаи сеюми фалон рӯзнома бисёр хуб, аз ҷиҳати техника аъло чоп шудааст». Мо медонистем, ки дар саҳифаи сеюм ҳикояи вай ҳаст. Баъд якчанд маҷмӯаи ҳикояҳояш чоп шуданд.

Тобистонҳо, аксар ба Хуҷанд мерафт, аз обу ҳаво ва меваю ғизои онҷо истифода бурда, дам мегирифт. Дар байни нависандагон яке аз фаъолон ва пурдонҳо буд. Русиро нағз медонист, аз адабиёт ва матбуоти русӣ хуб истифода мебурд. Бонухон ном зане гирифт, ки бо вай хушбахт буд. Аз Бонухон ду писар ба дунё омад. Лекин дар соли шуми 1937 Ҳакимро гирифта ҳабс карданд, ҳатто Бонухонро ҳам ҳабс карданд. Писари аввалашро аз модараш ва модаркалонаш (модари Ҳаким) канда, ҷудо карда ба сағирхона бурданд, ки дар он ҷо зуд қазо кард. Бонухонро пас аз чаҳор-панҷ моҳ ҷавоб доданд, аммо Ҳаким як ҳафта пеш аз ман озод гардид.

Ҳабс шудани ҳардуи мо боис шуд, ки пас аз озод гарди­дан дӯстӣ ва рафоқатии мо боз ҳам мустаҳкамтар ва зич­тар гардид. Ҳаким пас аз озод шуданаш боз ба ҳикоянависӣ ва тарҷумонии худ давом кард. Вай бисёр на­висандагони Ғарб ва классикони русро тарҷума мекард.

пешина
аз 339
навбатӣ